МУЛОҚОТИ РӮБАРӮИ АКРАМ СУЛАЙМОНЗОДА БО ДОНИШҶӮЁНИ ИСФАРАГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бо зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни зодаи Исфара, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино таҳсил дошта, айни замон таътили худро дар зодгоҳ мегузаронанд, вохӯриву мулоқоти рӯбарӯ ва озоду дӯстона орост. Ҳадаф аз баргузорсозии ин тадбир омӯзиши афкор, шиносоӣ бо раванди таҳсил ва зиндагии табибони оянда ва дарёфти роҳҳои мусоидатнамоӣ ҷиҳати аз ҳисоби онҳо тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад. Ҷоизи зикр аст, ки айни замон дар донишгоҳҳои тиббии кишвар ва хориҷи он зиёда аз 300 нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино беш аз 250 нафар дастпарварони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара таҳсил доранд. Тибқи анъана роҳбарияти шаҳр ҳамасола дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо донишҷӯёни зодаи Исфара вохӯрию мулоқотҳо баргузор месохт, аммо имсол бар иллати пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии нави Коронавирус KOVID-19 ин тадбири муҳим мавқуф гузошта шуд. Аз ин лиҳоз, шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода бо дарназардошти муҳиммияти соҳаи тиб ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ тасмим гирифт, ки табибони ояндаро ба ҳузур пазируфта, ба онҳо имконияту дурнамои соҳаи тандурустии шаҳрро муаррифӣ ва таваҷҷуҳи ононро барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои табобатии шаҳр ҷалб намояд. Дар раванди мулоқот сартабиби беморхонаи марказӣ Таибидин Мухамедов, сарвари Маркази саломатӣ Маъруфҷон Тухтаев ва сардухтури Осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев сухаронӣ намуда, дар бораи муассисаҳои худ маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода омодагии роҳбари кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро ҷиҳати дастгирии моддию маънавии донишҷӯён изҳор дошт. Бино бар гуфтори сартабиби беморхонаи марказӣ Таибидин Мухамедов айни замон соҳаи тандурустии шаҳр ба 74 нафар мутахассисони соҳибмаълумоту баландихтисос, аз ҷумла 31 нафар духтурони тибби оилавӣ, 15 нафар табибони бахши наҷот ва беҳисгардонӣ, инчунин табибони сироятшиносу дилшинос, наркологу рӯҳшинос, рентгенологу эндокринолог эҳтиёҷ доранд. Тавре сардухтури Осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев зимни суханронии хеш изҳор дошт, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти осоишгоҳи «Зумрад» баҳри ба талаботи муосири соҳаи табобатию сайёҳӣ мутобиқсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас меандешад ва тибқи нақша дар осоишгоҳи «Зумрад» дар ояндаи наздик барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароитҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосир фароҳам оварда хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин, дар ин ҷо 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, маҳз ба хотири омода намудани мутахассисон бо имусоидату дастгирии сарвари Осоишгоҳ Абдулмумин Ҳалимов 12 нафар ҷавонони фаъоли Исфара донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гардида, алҳол бо маблағгузорию дастгириҳои маъмурияти Осоишгоҳ таҳсил доранд ва оянда ҳамчун табиб дар Осоишгоҳи “Зумрад” фаъолият хоҳанд кард. Тазаккур бояд дод, ки роҳбарияти шаҳр бо дастгириҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳмгузории соҳибкорони саховатпеша ҷиҳати пайваста мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр чораҳои амалӣ меандешад, ки дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва азнавсозию муҷаҳҳазгардонии 62 иншооти соҳавӣ дар шаҳру деҳоти Исфара тақвиятбахшанди ин иддао маҳсуб меёбад. Дар раванди мулоқот нафаре чанд аз донишҷӯён бо саволу дархостҳои худ ба раиси шаҳр муроҷиат намуда, зимнан шавқмандии худро барои фаъолият баъди хатми донишгоҳ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр баён доштанд. Раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз ҷониби худ омодагии роҳбарияти шаҳрро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва ҳам мутахассисони ҷавони соҳаи тандурустӣ дар оянда изҳор намуда, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кард, ки бо истифода аз фароҳамгаридида илму дониш ва асрори ҳунар омӯзанд, дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосирро азхуд намоянд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав