Омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави хониш

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимии шаҳр ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 шинос шуд. Зимни боздид аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 12, 52, 57, 68, литсейҳои №1 ва 5-и шаҳр иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба соли хониши нав дар ҳамаи 85 муассисаҳои маорифи шаҳру деҳоти Исфара таъмири ҷории биною иншоотҳо асосан ба охир расонида шудаанд. Боиси қаноатмандист, ки бо баробари таъмиру тармим, дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ низ таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. То ба имрӯз 569 тонна ангишт ва 165,3 метри кубӣ ҳезум захира карда шудааст. Тавре зикр гардид, бо мақсади таъмини мунтазами фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистон барои харидории ангишт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва маблағҳои махсус зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ҷараёни боздид раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ба масъулин бобати чораандешӣ дар қисми садамавии се бинои таълимии МТМУ №52, бо сифати хуб анҷом додани корҳои таъмиру тармим ва ҷиҳозонидани синфхонаву кабинетҳои таълимӣ, гузаронидани корҳои безараргардонӣ, таъминот бо маҳлулҳои антисептикӣ, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, насби дастшӯякҳо, омодагии комил ба мавсими тирамоҳу зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар раванди шиносоӣ шаҳрдори Исфараро муовинони раиси шаҳр М.Бобоиён, Ҷ.Ҳайдарзода, сардори раёсати маориф Б.Саидзода, сармеъмори шаҳр А.Фаттоев ва дигар масъулини соҳа ҳамроҳӣ доштанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан