Мулоқоти шаҳрдори Исфара бо футболбозон самимона буд.

Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим бегоҳирӯзии 30-юми июни соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳр бо аъзоёни Клуби футболи «Исфара» дидорбинию мулоқоти самимона дошт. Акрам Сулаймонзода бо роҳбарият ва ҳар яке аз аъзои даста аз наздик шинос гардида, дар суҳбати рӯбарӯ ононро бо оғози мавсими нави футбол сидқан табрику таҳният гуфт ва барояшон барору пирӯзиҳо таманно намуд. Мавсуф ҳамзамон бо зикри муҳиммияти футбол ҳамчун яке аз намудҳои варзиш боварию уммедвориҳои роҳбарияти шаҳр ва ҳамзамон омодагии худро ҷиҳати дастгирии моддию маънавии футболбозони шаҳр изҳор дошт ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба аъзоёни даста либосҳои варзишӣ тақдим намуд. Ҷоизи зикр аст, ки бо қарори раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода барои дастгирии аъзои Клуби футболи «Исфара», ки соли равон дар Лигаи миллии Тоҷикистон байни 12 дастаи лигаи якум қувваозмоӣ мекунад, 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, дар оғози мавсими нав 50 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби клуб интиқол дода шудааст. Дар ҷаласаи Федератсияи футболи Исфара, ки рӯзи 8-уми апрели соли равон баргузор гардид, ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр тасмим гирифтанд, ки иловатан барои дастгирии молиявии футболбозон 375 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо хоҳанд кард. Дастаи футболи «Исфара дар оғози мавсими нави футбол рӯзи 26 июни соли равон дар майдони худ дастаи «Равшан»-и Зафарободро қабул намуда, бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Дастаи футболи «Исфара рӯзи 3-юми июл бо дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва рӯзи 7-уми июл барои дарёфти роҳхат барои гузариш ба даври якҳаштфиналии Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро қувваозмоӣ хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим рӯзи 8-уми апрели соли равон Раиси Федератсияи футболи Исфара интихоб гардидааст. Ташрифи ногаҳонии шаҳрдор ба варзишгоҳ, ки ғайричашмдошти футболбозони машғули машқу тамрин сурат гирифт, бароямон басо хушоянду руҳбаландкунанда буд, -изҳор дошт зимни суҳбат бо мо сардори дастаи футболи «Исфара» Фирӯз Шокиров.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан