ИСФАРА: ИФТИТОҲИ 2 ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Рӯзи 27-уми июни соли равон Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим дар ҷамоати деҳоти Лаккон 2 иншооти муҳими ҷашниро мавриди ифтифодабарии ниёзмандон қарор дод, ки самараи аҳливу тифоқӣ, сарҷамъӣ ва нияту амалҳои неки мардуми созандаю бунёдкор арзёбӣ мегардад. Аввалан, пули таъмиру азнавсозишудаи воқеъ дар маҳаллаи Ворухи ҷамоати деҳоти мазкур, ки 30 сол инҷониб корношояму таъмирталаб буду дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва сокинони маҳалла чор моҳ қабл аз ин, ҳангоми нахустин сафари кории Сулаймонзода Акрам Раҳим ба ҳайси раиси шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо мардум таъмиру барқарорсозии онро дархост карда буданд. Инак, купрӯки мазкур, ки дарозиаш 23 метр ва бараш 7 метр буда, сутунҳояш дар чуқурии 12-13 метр ҷойгир шудаанд, бо мусоидати шаҳрдор, бо ҷалби соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфара, бо саҳмгузории молиявии бародарон Шоҳин, Саидамин ва Шодон Саидаминовҳо ва бо қувваи худи аҳолии маҳалла, бо риояи талаботҳои соҳавӣ таъмиру азнавсозӣ ва барқарор карда шуд. Инчунин, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони Хонаи фарҳанг дорои 150 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Лаккон аз ҷониби соҳибкори саховатманд Қосимов Муродҷон бо харҷи умумии 180 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки иншооти мазкур низ имрӯз мавриди баҳрабардории мардуми меҳнатқарину сарбаланди ҷамоати деҳоти Лаккон қарор дода шуд. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни муборакбодии сокинони деҳа миннатдории самимонаи хешро ба соҳибкорони накӯкор - бародарон Шоҳин, Саидамин ва Шодон Саидаминовҳо, Қосимов Муродҷон, инчунин ба саркороне, ки барои аз нав барқарор сохтани купрӯки деҳа ҳамарӯз заҳмат кашидаю барои пешрафти кор мусоидат кардаанд – Шодиев Маъмур, Каримов Қодир, Назаров Самадҷон ва ба сохтмончиёну ҳамаи он нафароне, ки дар амалисозии ин кори хайру савоб саҳмгузор буданд, самимона баён намуд. Тавре мавсуф тазаккур дод, Бояд гуфт, ки бо хоҳиши соҳибкори хайрандешу ободкор Қосимов Муродҷон иншооти фарҳангии тозабунёд ба мувозинаи ҷамоати деҳоти Лаккон ҳадя мегардад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан