Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва ғунучини ҳосили зардолу дар шаҳраки Сомониён аз наздик шинос гардид.

Бояд зикр намуд, ки мардуми Исфара аз давраҳои хеле қадим бо боғдорӣ, парвариши меваҳои шаҳдбор шўҳрати бемисл доштанд ва зардолу анвои дўстдоштании ҳар хонадон маҳсуб мегашт. Имрўз низ деҳқонону боғдорони ин куҳандиёр анъанаҳои ниёгони худро дар ин самт ривоҷ дода, навъҳои мухталифи мевагиҳо, аз ҷумла зардолуро парвариш ва ба бозорҳои кишварҳои мухталиф содирот менамоянд. Алҳол мавсими долу зарби ғунучини меваи зардолу бо ҷўшу хурўш давом дошта, боғпарварони шаҳру деҳоти Исфара ният доранд, имсол низ зардолуҳои тару тоза ва шаҳдрези Исфараро пешкаши шаҳрвандони кишварамон ва давлатҳои дуру наздики хориҷа гардонанд. Бино бар суханони сардори Раёсати кишоварзии шаҳр Мирилёс Ҳамзаев, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 13 ҳазор гектар боғоти зардолу парвариш ёфта, бо вуҷуди аз хунукиҳои моҳи апрел зарар дидани 4271 гектар боғоти зардолу, боғпарварони Исфара ният доранд имсол беш аз 15 ҳазор тонна ҳосили зардолу ҷамъоварӣ намоянд. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бештар намудани масоҳати боғот ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда боғбонҳои номӣ ва таҷрибадор барои зиёд кардани майдони боғоту ҳосилнокии дарахтони зардолу бо истифода аз таҷрибаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд,-гуфт, Мирилёс Ҳамзаев. Раиси шаҳр зимни шиносоӣ бо раванди ғуну чини ҳосил, ба усулҳои хушккунии зардолу таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати сари вақт ба анҷом расонидани чиниши меваҷот, таъмини бозорҳо бо меваҳои тару тоза ва содироти маҳсулот ба масъулин ва боғдорон дастуру супоришҳо дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан