Боздиди раиси шаҳр аз бозор ва марказҳои савдою хизматрасонӣ

Боздиди раиси шаҳр аз бозор ва марказҳои савдою хизматрасонӣ Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти Бозори марказӣ, ҳолати имрӯзаи санитарии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ҳамчунин сатҳи нарху навои маводи ғизоӣ Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз Бозори марказии шаҳр боздид ба амал овард. Ҳангоми боздид Раиси шаҳрро масъулини дахлдори соҳаи беҳдошту санитарӣ, шўъбаи корҳои дохилӣ, ҳифзи муҳити зист, идораи бойторӣ, масъулини шӯъбаи меъморию шаҳрсозӣ, ободонӣ, савдо ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Шаҳрдори Исфара сароғоз бо нарху навои маҳсулот, аз ҷумла нон, орду равған, биринҷу гўшт, меваҷот ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамзамон бо боздиди бозор раиси шаҳри Исфара қаноатмандии худро аз фаровонии молу маҳсулот дар бозори марказии шаҳри Исфара изҳор дошта, ба масъулини сохторҳои масъули соҳаи савдо супориш дод, ки ҳамарӯза доири танзиму нигоҳдории нархҳои бозорҳои шаҳр тадбирҳои мушаххас андешанд ва ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат намоянд. Дар ҷараёни боздид ва мулоқоту суҳбатҳо бо фурӯшандагон раиси шаҳр иброз дошт, ки бо ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн дубора ба фаъолият оғоз намудаанд. Ва дар ин маврид зарур аст, ки нишондодҳои дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пурра риоя карда шаванд. Шаҳрдори Исфара инчунин ба маъмурияти бозор бобати риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, фароҳамсохти шароитҳои созгор ба фурӯшандагону харидорон, ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ ба роҳ мондани фаъолияти бозор ва барои корҳои ободонию созандагӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид дошт, ки зимни фаъолияти корӣ мунтазам корҳои безараргардониро анҷом дода, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро пурзӯр намоянд. Минбаъд марказҳои савдои «Пайванд», «Заррина», фурӯшгоҳҳои гузаргоҳи зеризаминӣ, ки маконҳои серодами шаҳр ба ҳисоб мераванд, мавриди таваҷҷўҳи раиси шаҳр қарор гирифтанд. Ҳангоми шиносоӣ ба вазъи фаъолияту хизматрасонū дар ин марказҳо, ба риоя намудани чораҳои тозагию ободӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 эътибори хоса дода шуд. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода зимни боздид аз марказҳои тиҷоратии «Ангубин», «Ганҷи замин», «Ширин» ва тарабхонаи «Одилон» барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳо, гузоштани маҳлули хлор дар даромадгоҳҳо, санҷидани ҳарорати воридшавандагон супоришҳо дода, илова кард, ки аз вуруди шаҳрвандоне, ки бе ниқоби муҳофизатӣ ташриф меоваранд ҷилавгирӣ карда шавад. Ҳамзамон мавсуф ба масъулин бобати ташкили хизматратрасониҳои баландсифат маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки набояд аз коҳишëбии беморӣ фориғболӣ кард, балки то замони пурра аз байн рафтани хатари сироятëбӣ қоидаҳои санитарӣ ба таври ҳатмӣ риоя намуд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан