Иҷлосияи 2-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр

Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин фаъолони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ширкат доштанд. Пас аз садо додани суруди миллӣ раиси маҷлис, раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Вакилон рӯзномаи кори иҷлосия ва ҳайати котиботи онро тасдиқ намуданд. Нахуст вакилони мачлиси шаҳрӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 19 марти соли 2020 «Дар бораи раиси шаҳри Исфара таъин намудани Сулаймонзода Акрам Раҳим » тасдиқ намуданд. Баъди шунидани ахбороти раиси комиссияи шаҳрии интихобот Содирхон Қосимӣ, аз ҷониби вакилон ҳамчунин ваколати вакилии вакили навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии «Ваҳдат», №32 Муҳаммад Муҳиддинзода тасдиқ карда шуд. Минбаъд маърӯзаи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Тоҷикон» №13, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Мухаммедов оид ба вазъи эпидемиологии шаҳру деҳоти Исфара вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус шунида шуд. Дар музокираи масъалаи мазкур сардори Маркази назортати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Муҳиддин Назаров иштирок намуд. Муовини Раиси шаҳр Ҷаъфар Ҳайдарзода дар бораи рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш пешниҳод кард. Дар ҷараёни муҳокимаи ин масъала вакили маҷлиси шаҳрӣ Суруриддин Зиёвадинзода фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт. Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии №3 Гулафзо Ҷӯраева дар назди вакилон аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Дар идомаи иҷлосия гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён оид ба номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 ба номи олими иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров, кӯчаи маҳаллаи Сомониён ба номи Ахмадҷон Ҳисомиддинов, 2 кӯчаи маҳаллаи 13-ум ба номи собиқадорони ҷанги Афғонистон Зайниддин Тошев ва Абдуқаҳҳор Ғафуров шунида шуд. Дар иҷлосия вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Вакилон ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд. Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ки дар кори иҷлосия иштирок дошт, вакилону фаъолони шаҳрро ба иҷрои вазифаҳои муҳиму судбахш баҳри нафъи ҷомеа даъват намуд. Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода дар фарҷом, ба масъулин, аз ҷумла ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бобати рушди соҳаи саноат, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои кишоварзӣ, вусъати омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибор ба амалишавии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор овардааст, дастуру супоришҳо дод.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан