Дар оғози сафари худ шаҳрдори Исфара

Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо ҳамроҳии масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ба ҷамоати деҳоти Ворух сафари корū анҷом дод. Дар оғози сафари худ шаҳрдори Исфара нахуст бо раванди корҳои саҳроū, нашъунамои зироатҳо ва тараддудҳои заҳматкашони ин деҳаи баландкуҳи наздисарҳадӣ аз наздик шинос шуда, бо сокинони он мулоқотҳо анҷом дод. - Тибқи дастуру ҳидоятҳои муҳтарам Пешвои миллат ва бо иқдому дастгириҳои раиси вилояти Суғд мо саъю кӯшиш дорем, ки муҳимтарин муаммоҳои иҷтимоии деҳоти наздисарҳадии Ворухро ҳал намоем, мушкилоти мардумашро осон кунем ва Ворухро ба яке аз деҳоти ободу зебо ва пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил диҳем - изҳор дошт шаҳрдори Исфара Акрам Сулаймонзода зимни мулоқот бо сокинони деҳа. Зимни сафари корӣ Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо мақсади шиносоӣ бо шароити зисту хизмати марзбонон аз дидбонгоҳи сарҳадӣ низ дидан намуда, бо фаъолияти марзбонон аз наздик ошноӣ пайдо кард ва бо афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, ки шабу рўз дар ҳифзи марзу буми кишвар қарор доранд, сўҳбати самимӣ орост. Зимни сўҳбат бо сарҳадбонон, Акрам Сулаймонзода таъкид дошт, ки таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ яке аз омилҳои муҳимтарини ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзии кишвар, амнияти миллат ва давлат буда, фароҳам сохтани шароитҳои хуби хизматию истироҳатӣ ва зисту зиндагонии шоистаи ҳомиёни Ватан вазифаи давлату ҳукумат аст. Ба ҳайати шахсии ин дидбонгоҳи дурдаст, ки дар минтақаи баландкўҳи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир шудааст, як миқдор маводи хўрока тақдим карда шуд. Сарҳадчиён дар навбати худ изҳор доштанд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо вазифаи таърихӣ ва қарзи имониву муқаддаси худро, ки аз ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромию осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлат иборат аст, бо сарбаландӣ ба ҷо меоранд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав