Вусъати корҳои ободонӣ

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар шаҳру деҳоти Исфара бо иштироки васеи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ҳашари ободонӣ гузаронида шуд. Иқдоми мазкур рӯзи шанбе дар маркази шаҳр ва ҳудуди 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара бо шукронаи фазои осудаву ором, раванди бунёдкориву созандагӣ ва Истиқлолияти давлативу миллӣ сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад. Исфарагиён бо мақсади саҳмгирӣ дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва ободонии маҳалли зисту фаъолият ба ҳашар баромада, дар чодаи ободонии худуди вобастакардашуда, тоза кардани нахру ҷӯйборҳо, буридани шохҳои зиёдатии дарахтони қади роҳҳову нигоҳубини гулу сабзаҳо, аз партов тоза кардани кӯчаву маҳаллаҳо, рӯбучин ва аз алафҳои бегона тоза намудани атрофи корхонаҳо, сафед кардани танаи дарахтон, ҳамчунин оро додани кӯчаҳо бо лавҳаву навиштаҷотҳо саҳмгузорӣ намуданд. Зимни боздиди гурӯҳи эҷодии мо корҳои ободонӣ асосан дар майдони ба номи Исмоили Сомонӣ, назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, гардиши маҳаллаи Бинокор, дар майдони назди муҷассамаи Парчам, хиёбони И.Сомонӣ, маҷмааи «Ваҳдат»-и даромадгоҳи шаҳр ва ҳудуди Беморхонаи марказӣ суръати тоза гирифта, ҳашарчиён бо баробари анҷоми корҳои ободонӣ ба корҳои тозаю тамизгардонӣ ва ороста намудани ҳудуд машғул буданд. Боиси қаноатмандист, ки дар ин ҳашари умумихалқӣ садҳо нафар сокинони шаҳр, кормандони ҷомеаҳои меҳнатӣ бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ ширкати фаъолона доштанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав