Ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ

Дар ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 роҳбарияти шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳо ҳузур доштанд. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси ситоди шаҳрӣ, раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода сурат гирифт, вазъи иҷрои қарорҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар шаҳру деҳоти Исфара мавриди баррасӣ қарор дода шуд. «Дар ситод таъкид карда шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини солимии ҷомеа аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, беморхонаҳо бо маводи зарурии тиббӣ таъмин гардидаанд. Корҳои безараргардонӣ ва фаҳмондадиҳӣ низ мунтазам доир карда мешаванд. Тавре муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён зикр намуд, новобаста аз ин, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ҷоннок гардида, раисони ҷамоатҳо ва фаъолон барои пешгирии беморӣ байни мардум ташвиқоту тарғиботро пурзӯр намоянд. Зеро, сокинон бояд хуб дарк кунанд, ки гаштугузор ва баромадани бидуни зарурат аз хона метавонад омили сироятёбӣ гардад. Бинобар ин, ҳар як шахс бояд қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набарояд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ дорад. Сардухтури БМШ Тайибиддин Мухамедов вобаста ба вазъи фаъолияти муассисаҳо дар самти пешгирии беморӣ ҳарф зада, аз ҷумла қайд намуд, ки дар шӯъбаи сироятӣ 80 нафар беморон бо илтиҳоби шуш бистарӣ гардида, 75 нафарашон баъди сиҳатёбӣ ба хонааҳояшон рухсат дода шудаанд. Алҳол 5 нафари дигар зери назорат ва табобати табибон ва 175 нафар шаҳрвандон дар карантини хонагӣ қарор доранд. Минбаъд Раиси шаҳр зикр намуд, ки дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар қаламрави кишвар, шурӯъ аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо ва бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра бо таъмини безараргардонии мунтазами муассисаҳои мазкур, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Дар робита ба ин ба масъулини соҳаҳо ва раисони ҷамоатҳо дастур дода шуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби сокинон бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, пешгирии гаштугузор бе ниқоб дар шаҳр ва бе ниқоб ворид шудан ба бозорҳо, безараргардонии бозорҳо, инчунин тақсими ниқоб ба сокинон, истифодаи маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан бозору мағозаҳо тақвият бахшида шавад.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав