Табрикоти Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бо камоли мамнуният фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беолоиши тифлиро таманно дорам. Воқеан, кӯдакону наврасон ояндаи ҳаёти инсонӣ, амалҳои накӯи башарият, сарвати асосии ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, ғамхорӣ ба кӯдакони маъюб ва ятиму бепарастор, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта яке аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки : “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”. Кӯдакон ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи буда, ба таваҷҷуҳу ғамхории хоса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Аз самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои кӯдакону наврасон ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ ва шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам оварда мешавад. Хосатан бояд қайд намоям, ки соли равон дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд кӯдакистон хусусӣ барои 150 нафар тарбиятгирандагон ба маблағи 1 млн 260 ҳазор сомонӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара таъсис додани боз 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 мактаби хусусӣ, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 17 синфхонаҳои иловагӣ, 3 майдочаи хурди варзишӣ ва 1 толори варзишӣ ба нақша гирифта шуда, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳо, ташкили лагерҳои истироҳатию маърифатӣ ба хотири фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо баёнгари таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба насли ояндасоз мебошад. Ҷоизи зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсиятҳои сазовори ҷамъият ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем. Бори дигар, кулли кӯдакони шаҳру деҳоти Исфараро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона муборакбод намуда, орзу дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш гарданд. Бароятон осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно дорам. Ид муборак, фарзандони азиз!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан