Паёми шодбошии Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати Иди саиди Фитр

{амдиёрони азиз! Иди саиди Фитрро ба Шумо табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол барои ҳар як сокини шаҳри Исфара сиҳативу саломатӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоем. Дирўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои телевизионӣ мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи рамазон, муборакбод намуда, зикр карданд, ки “Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад. Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад. Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд”. Ҳамасола мардуми тоҷик Иди саиди Фитрро бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ҷашн мегиранд. Вазъияти имрӯзаи баамаломадаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус водор намуд, ки ҳамаи чорабиниҳои дастаҷамъона, аз ҷумла гузоштани намози Фитр муваққатан боздошта шавад. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҳангоми таҷлили ин ҷашн риояи қоидаҳои бехатариро роҳандозӣ намуда, ба тозагиву озодагӣ ва қоидаҳои беҳдоштии санитарию гигиенӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ диққати бештар дода, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем. Чунончи, пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: - “Покизагӣ нисфи имон аст”. Мардуми шарифи мо дар ин моҳи муборак анъанаҳои арзишманди мазҳаби ҳанафиро риоя ва эҳтиром намуда, инсонпарварӣ, таҳаммулгароӣ ва хайрхоҳӣ, ободкориву созандагиро пеша кардаанд. Дар арафаи Иди саиди Фитр кӯмак намудан ба ниёзмандону барҷомондагон яке аз фазилатҳои неки инсонист. Шоистаи таҳсин аст, ки дар арафаи Иди саиди Фитр, дар пайгирӣ аз суннатҳои неки аҷдодӣ ва тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорону сокинон ва ходимони дини шаҳр ба ниёзмандон - ятимон, оилаҳои бесаробон, маъюбону барҷомондагон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Моҳи Рамазон барои мо як фурсати хеле хубе буд, то дигарбора ба арзишҳои ҷовидонаи башарӣ, ки мардумонро якҷоя ва муттаҳид месозанд, онҳоро ба саховатпешагӣ ва ҷавонмардӣ ҳидоят менамоянд, эҳтирому арҷгузорӣ намоем. Ҳамшаҳриёни азиз! Фазилати муҳиму арзишманди иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо ва шукргузорӣ аз он аст. Тавре Пешвои миллат зимни суханрониашон зикр намуданд: «Вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси Ватан ва мусулмони равшанфикр ин аст, ки дар баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии хешро низ ба ҷо орад. Яъне кӯшишу талоши худро ба пешрафту ободии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, равона созад» Ин фазилати бузург моро водор менамояд, ки шукронаи неъматҳои ба мардуми мо насибгардида, пеш аз ҳама истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро ба ҷо оварем, зеро маҳз ба туфайли онҳо халқи Тоҷикистон озодии эътиқод ва баргузории озодонаи иду маросимҳои мардумӣ ва диниро ба даст овардааст. Бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба Шумо мардуми шарифи Исфара муборакбод гуфта, ба ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азиз, имону эътиқоди комил, бахту иқболи баланд ва саодати зиндагиро таманно дорам. Иди саиди Фитр муборак!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав