Табрикоти Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Ин рӯзҳо дар қаламрави Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, дар радифи дигар ҷашнҳои муҳими давлатӣ Рӯзи ҷавонони кишвар таҷлил мегардад. Аз фурсат истифода карда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шумо ҷавонони Исфараро бо фарорасии ин рӯзи саид самимона муборакбод мегӯем. Бароятон хониши хуб ва садоқат ба Ватанро таманно дорем. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон далели равшани таваҷҷўҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат мебошад. Аслан, ҳар тадбире, ки дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Исфара амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти шумо - ҷавонон аст. Зеро, тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш борҳо таъкид кардаанд: - “Тоҷикистон – Ватани ҷавонон аст!” Боиси хушнудист, ки ҷавонон дар баробари донишандӯзӣ дар корҳои оммавию сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, дар масири пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувор мегузоранд. Аз ин ҷост, ки 7 нафар ҷавонони фаъолу ташаббускор ба ҳайси вакили Маҷлиси халқи шаҳри Исфара интихоб гардиданд. Тавре муҳтарам Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд: - «Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад». Мавриди зикр аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар пайгирӣ аз сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат, бо назардошти саҳму нақши тақдирсози соҳаи маориф дар таълиму тарбияи насли наврас, тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Алҳол 9 нафар толибилмони лаёқатманди муассисаҳои таълимии шаҳри мо ба гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар ба дарёфти стипендияи Раиси вилояти Суғд ва 25 нафар барои гирифтани стипендияи Раиси шаҳри Исфара мушарраф гаштаанд. Хуб аст, ки толибилмони шаҳр низ ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат дастовардҳои худро пайваста афзоиш медиҳанд. Тибқи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат мо ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, рушди бемайлони варзиш дар шаҳру деҳоти Исфара ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 3 адад варзишгоҳҳои навбунёди хурди муосирро дар ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, 1 адад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳр ва 1 адад толори варзиширо дар маркази шаҳр ба истифода супоридем. Раванди баргузории чорабиниҳои мазкур далолат аз он доштанд, ки ҷавонони Исфара дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ ҳастанд, аз сиёсату иқдомоти ояндасози Пешвои муаззами миллати худ якдилона ва амалан ҷонибдорӣ мекунанд. Ҷавонони арҷманд. Бояд гуфт, ки зиндагии ободу осудаҳолона ва ҳама пешрафту дастовардҳои мо маҳз бо шарофати амалигашти сиёсати хирадмандона ва дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни муҳтарам Президенти мамлакатамон мебошад. Аз ин рӯ, шумо – ҷавонони азиз бояд шукрона кунед, ки чунин Пешвои азизу маҳбуб ва ғамхору дилсӯз доред. Ҳар яки шумо бояд, ки натанҳо дар сухану гуфтор, балки дар амал пайрави асили Пешвои миллат будани худро собит намоед. Чун насли ояндасози Ватанамон бояд ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи илму дониш, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бошед. Тавре муҳтарам Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд, зарур аст, ки минбаъд худи шумо - ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошед, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созед, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баред, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Мо умедворем, ки ҳар яки шумо ҷавонони бонангу номуси диёр адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии худ дониста, оянда дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоред. Ҷавонони гиромӣ ! Имрӯз аҳли башар, аз ҷумла Тоҷикистони мо дар вазъи ниҳоят ҳассосу душвор қарор дорад. Аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, ҳоло сокинони дунёро ба ташвишу изтироби ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Мутаассифона, охирҳои моҳи апрел вирус дар кишвари мо низ пайдо гардид ва то имрӯз садҳо нафар сокинони мамлакат ба он гирифтор шуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба амал омадани вазъи зикршуда тамоми тадбирҳои заруриро барои пешгирӣ кардани пайдоиши ин беморӣ амалӣ намуда, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодааст. Дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан мебошанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки “Мардуми тоҷик ҳатто дар замони истиқлол давраҳои аз ин беморӣ чандин баробар вазнинтарро паси сар карданд. Дилпурона иброз медорам, ки ин марҳалаи мушкилро низ бо сари баланд сипарӣ мекунанд.” Аз ин лиҳоз, вазъияти бамиёномада аз ҳар яки ҷавонони ватандӯст тақозо мекунад, ки ниҳоят ҳушёру эҳтиёткор ва боз ҳам босабру таҳаммул бошанд, ба воҳимаву таҳлука дода нашаванд ва дар лаҳзаҳои душвору вазнин дар паҳлуи якдигар бошанд. Боварӣ дорем, ҷавонони шаҳри Исфара қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятиро риоя карда, дар хона мемонанд ва барои ҳифзи саломатии худ, аҳли оилаи хеш талош мекунанд ва мо ҳарчи зудтар аз ин беморӣ раҳоӣ меёбем. Ҷавонони арҷманд! Тибқи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2020 озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор карда мешаванд. Бинобар ин, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ҳангоми таътили тобистона, ки бо назардошти пешгирии бемории сироятии коронавирус пеш аз муҳлати муқаррарргардида эълон шудааст, самаранок истифода намуда, ба озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” омодагии ҳамтарафа мебинанд. Итминони комил дорем, ки ҷавонони шаҳри Исфара дар ин озмунҳо фаъолона ширкат варзида, истеъдод ва дониши мукаммали худро нишон медиҳанд ва ба гирифтани шоҳҷоиза ва мукофотҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф мегарданд. Бо чунин умедҳои нек ҳамаи шумо – ҷавононро ба муносибати Рўзи ҷавонон самимона табрик карда, ба ҳар кадоматон бахту иқболи нек ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоем. Ҳамеша ғамхор ва дӯстдори Ватан бошед! Идатон муборак, ҷавонони саодатманди Исфара!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав