Ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Акрам Сулаймондзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид. Дар ҷаласа нахуст гузоришҳои муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, сардухтури БМШ Тайибиддин Мухамедов, сарвари Маркази саломатӣ Тӯраев ва сардухтури МНДСЭ-и шаҳр Муҳиддин Назаров оид ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» дар шаҳр, ҷараёни муолиҷаи беморон дар муассисаҳои тиббии шаҳр, ҳолати таъминот бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла корҷома, ниқоб, маводҳои антисептикӣ шунида шуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки то ҳол 34 нафар бо нишонаҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ гардида, 14 нафар баъд аз табобат ва беҳтар гаштани вазъи саломатиашон аз беморхона ҷавоб шудаанд. Фаъолияти табибони оилавӣ ҷоннок карда шуда, 250 нафар табибон барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҷалб карда шудаанд. Ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ тадбирҳои безараргардонӣ роҳандозӣ мегарданд. Бо вуҷуди роҳандозии корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ, имрӯз талаботҳои пешниҳодшуда риоя намегарданд. Чунончӣ, дар баъзе аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сокинон бе истифода аз ниқоб гаштугузор намуда, беҳдошти гигиенаи шахсиро риоя намекунанд. Кӯдакону наврасон дар вақти таътил дар кӯчаҳо бе назорат мегарданд. Равуои байни хонаводагӣ то ҳол идома дорад, ки ин амал боиси зиёд паҳн гаштани беморӣ шуда метавонад. Раиси шаҳри Исфара, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Акрам Сулаймонзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба баррасии мушкилоти ба миён омада ҷалб намуда, баҳри ҳалли ҳарчи зудтари он ба масъулин дастур супоришҳо дод. Акрам Сулаймонзода ҳамзамон ҷиҳати захира кардани дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводи антисептикӣ, боз ҳам ҷоннок намудани корҳои безараргардонӣ ва сари вақт бартараф кардани нуқтаи пайдоиши беморӣ, дӯхтани ниқобҳо дар корхонаҳои маҳаллӣ ба масъулин дастуру супориш дод. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳою фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум корҳои ташвиқотиро барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ пурзӯр намуда, гаштугузор, баромадан аз хона бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гарданд, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ сабаби паҳншавии беморӣ мегардад. Ҳамчунин шаҳрвандонро зарур аст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз рафтуомад ба дигар минтақаҳои вилоят ва ҷумҳурӣ худдорӣ намоянд. Фурӯшандагони масолеҳи кишоварзӣ фаъолияти худро дар бозорҳои ташкилнамуда дар маҳаллаҳо роҳандозӣ намоянд. Таъкид гардид, ки кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорати қатьӣ гирифта шавад. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин Прокурори шаҳр Садриддин Дӯстзода, сардори ШВКД-1 Нурулло Орифзода, муовини якуми раиси шаҳр Собит Умарзода ва дигарон бобати тақвияти пешгирӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ андешаҳояшонро иброз доштанд. Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Акрам Сулаймонзода зимни вазифагузорӣ ба масъулини дахлдор аз ҷумла таъкид дошт, ки ин ҳама тадбирҳо баҳри пешгирии бемории сироятӣ роҳандозӣ гардида, масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон низ тадбирҳо андешанд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан