Боз як иқдоми наҷиби соҳибкорони Исфара

Боз як иқдоми наҷиби соҳибкорони Исфара ҷиҳати фароҳамсохти шароити зарурӣ барои табибон 13 майи соли 2020 ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфара, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия кору зиндагӣ доранд, боз 100 маҷмӯъ либос ва лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ бо арзиши умумии 43 000 сомонӣ ҳадя гардид. Ҷоизи зикр аст, ки ин иқдоми эҳсонкорона бо саъю эҳтимоми соҳибкорони муваффақ Бузуруков Баҳодур, Фахриев Навоиддин, Бобоев Мансурхон ва тоҷирони дигари исфарагӣ рӯйи кор омада, 50 дар сади хароҷоти харидорию дастраснамоии лавозимотро Баҳодур Бузуруков ба андозаи 21 500 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш ва 21 500 сомониашро , Фахриев Навоиддин, Бобоев Мансурхон ва дигар ҳамшаҳриёни хайрандешамон пардохт намудаанд. Мавриди ёдоварист, ки 12 майи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди хеш аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои табибон 200 адад корҷома, миқдори зарурии ниқобҳо, маводҳои антисептикӣ ва доруворӣ, ҳамчунин маводи хӯрока, аз қабили орд, биринҷ, равған ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда буданд. Ҳафтае қабл аз ин, бо ташаббусу саҳмгузории гуруҳе аз аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзии зодаи Исфара, ки дар шаҳри Москва ва манотиқи дигари Федератсияи Россия кору фаъолият доранд, аз ҷумла аъзоёни Гуруҳи муваққатии мубориза бо Ковид -19 низ 100 маҷмӯъ либос ва лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ Беморхонаи марказии шаҳр ҳадя гардида, мувофиқ ба саҳмгузории соҳибкорони ворухӣ 40 маҷмӯи он ба ҳайати кормандони Беморхонаи минтақавии Ворух супорида шуда буд. Бино бар гуфтори сартабиби беморхона Таибиддин Мухаммедов ба шарофати чунин иқдомоти ватандӯстона ва хайрандешонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳам саҳмгузориҳои соҳибкорони эҳсонкор мушкилоти норасоии либос ва дигар лавозимоти муҳофизатии инфиродӣ то ҷойе ҳалли мусбии худро ёфт. Интизорӣ меравад, ки рӯзҳои наздик бо саъю эҳтимоми соҳибкорони шаҳр миқдор як миқдор дорувориҳо низ дастрас хоҳанд гашт. Бо арзи сипос ба соҳибкорони саховатпешаи диёр изҳори уммедворӣ менамоем, ки онҳо ҷиҳати дарёфту харидорию дастраснамоии дорувориҳои зиддивирусӣ, ки норасоии онҳо мушкилу муаммои рӯз маҳсуб меёбад, низ иқдомоти хайрхоҳонаи худро баҳри ҳифзи сиҳҳативу саломатии мардуми худ тақвият мебахшанд ва барои ҳалли мусбӣ бахшидани ин мушкилоти халқ амалан мусоидат хоҳанд кард. Бигзор комёбу муваффақ бошанд!

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав