Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини ҷамоати Чоркуҳ Фазлиддин Фозиловро аёдат кард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокини ҷамоати Чоркуҳ Фазлиддин Фозиловро аёдат кард. Фазлиддин Фозилов дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудааст. Ҳоло вазъи саломатиаш хуб буда, аз ҷониби табибон табобат карда мешавад. Раиси вилоят аз вазъи саломатии Фазлиддин Фозилов шинос шуда, ба масъулин дастур дода шуд, ки барои муолиҷа ва барқароркунии саломатии бемор тамоми чораву тадбирҳои зарури сари вақт андешида шавад. Бинобар маълумоти сардухтури беморхонаи марказӣ вазъи саломатии бемор мӯътадил арзёбӣ гардида, айни ҳол рӯ ба беҳбуди дорад. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав