Субҳи имрӯз аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара

Субҳи имрӯз аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара 15 нафар бемороне, ки дар шӯъбаи сироятии БМШ бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда буданд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Бино ба иттилои Сардухтури беморхонаи марказӣ Тайибиддин Муҳаммедов, то имрӯз 34 нафар ба ин шӯъба бистарӣ карда шуда, имрӯз 15 нафари онҳо баъди пурра табобат ёфтан, ба назди аҳли байташон баргаштанд. Беморони шифоёфтаро табибони ҳозиқи шифохона бо кафкӯбӣ ва эҳсоси хушнудӣ гусел намуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки тайи ин рӯзҳо табибони ботаҷриба, аз қабили табибони сироятшинос Абдуваққос Қамбаров, Некбахт Раҳмонов, Одина Ёрматова, Аврангзеби Абдусамад ва даҳҳо шифокорони дигар таҳти сарварии сартабиби шӯъба Шодрӯз Сангинов ба муолиҷаи беморон дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ машғуланд. Имрӯз хурсандии духтурон, беморон ва аҳли оилаи онҳо ҳадду канор надошта, онҳо миннатдори хешро ба табибони ҳозиқ барои ғамхориву дастгириашон расониданд. Беморон ва табибон аз дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар, инчунин шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунанд ва аз ҷиҳати таъмини доруворӣ, либосҳои тибии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ таъмин месозанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхона ташриф оварда, барои дастгирии табибон зиёда аз 200 адад корҷомаҳои махсус, ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ ҳамчунин барои табибон маводи хӯрокворӣ орд, равған, биринҷ тақдим намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ пайваста дар паҳлӯи табибон қарор дошта, дар таъмини маводи зарурӣ мусоидат менамояд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав