Тибқи дастуроти Пешвои миллат доир ба зиёд

Тибқи дастуроти Пешвои миллат доир ба зиёд намудани майдони кишти картошка, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти озуқа роҳбарияти ҷамоати деҳоти Кӯлканд тасмим гирифтааст, ки соли равон дар майдони 130 гектар кишти картошкаро ба роҳ монад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои кишоварзӣ, мақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои Президентӣ дар назди ҷамоат ситоди фаврӣ ва навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидаанд. Бо ҷалби сохторҳои маҳаллии маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва ходимони дин гурӯҳҳои корӣ ва нақшаҳои корӣ таҳия гардидаанд. Гурӯҳҳои корӣ аз заминҳои наздиҳавлигии тамоми сокинони деҳот ва хоҷагиҳои деҳконӣ дидан намуда, имкониятҳои кишти картошкаро муайян карда, ба сарварони хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ супориш дод, ки дар баробари кишти картошка, бобати гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳо тадбирандешӣ намоянд. Имрӯзҳо кишти картошка дар хоҷагиҳо бомаром ҷараён дошта, кишоварзон ба санаи 8 май дар майдони 101 гектар, аз ҷумла дар 80 гектар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 21 гектар дар заминҳои ёрирасон ва наздиҳавлигӣ кишти анҷом додаанд. Ҳамчунин имсол сокинони деҳоти Кулканд дар майдони 80 гектар кишти помидорро ба нақша гирифтаанд, ки алакай дар 50 гектари он кишт анҷом ёфтааст. Тавре аз ҷараёни корҳои тарғиботӣ ва ҷараёни мавсими кишт аён мегардад, сокинони деҳоти Кулканд моҳияти дастурҳои Пешвои миллатро амиқ дарк намуда, ният доранд, ки бо иҷрои саривақтии ин супориши муҳим дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.

Коментарияҳо

Коментария гузоштан

Хабарҳои нав