Ҷашни бузурги милливу давлатй- 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
Ҷашни бузурги милливу давлатй- 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо арҷгузории шоистаи аҳли ҷомеа нисбати ин санаи таърихиву тақдирсоз, дар руҳияи ифтихору сарфарозӣ ва шукргузории шаҳрвандон аз соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии хеш, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар радифи чорабиниҳои идона хамчунон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маросими қадршиноси дар сатҳи шоиста баргузор карда шуд. Аз ҷумла 3 нафар сокинони шахри Исфара – Бобохонов Манучехр, Каюмова Барнохон ва Фозилов Абдусамад бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Сугд Раҷаб Аҳмадзода сарфароз гардонида шуданд. Зимни супоридани Ифтихорномаҳо раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурдагонро табрик намуда, бори дигар аз ғамхориву қадрдониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисони вилоят ва шаҳр нисбати шахсони арзанда ва саҳми ин гуна нафарон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар гаштанд.