Мардуми фарҳангиву созандаю бунёдкори шаҳри Исфара ҷашни бузурги 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барҳақ муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, бо армуғонҳои шоиста истиқболу таҷлил намуданд.
Нахуст намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр, ҳазорҳо шаҳрвандони касбу кори гуногун бо садои карнаю сурнай, шиорҳои ватандӯстонаву парчамҳои давлатū, навштаҷотҳои васфкунандаи Ватану Истиқлолият ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идгохи асосū – варзишгоҳи марказии шаҳр ворид шуда, аз барномаи зебову ҷолиби васфкунандаи сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ бо иштироки санъаткорони диёр лаззат бурданд.
Мардум дар гӯшаву канори идгоҳ бо савту тарона ва намоиши санъати пурғановати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол, меҳнати бунёдкорона ва пуршарафи мардуми он, фазои осудаву ороми Ватани маҳбуб ва орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ситоиш мекарданд.
Дар раванди ҷамъомади ботантанаи идона арзишмандию аҳамияти бузургу тақдирсози Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, саҳму нақши сулҳоварӣ, мақому манзалати ваҳдатофарӣ ва хизматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои замони соҳибваҳдатии кишвари соҳибистиқлоли мо зимни муборакбодиҳои идонаи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдурахмон Дости Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳирчон Сулаймонов возеҳу равшан баён гардиданд.
Тавре зикр гардид, маҳз азму ҷаҳду талош ва рӯҳи тавонои Пешвои асили халқу миллат, сармеъмор ва мунодии сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буд, ки Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ҷамъ овард.
Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Миллати мо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст.
Намоиши ҷолиби театрикунонидашуда, барномаи мукаммалу пурмуҳтавои фарҳангии омоданамудаи аҳли санъати Исфара ифодагари он буданд, ки Истиқлолият барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Ҳамин зайл, тантанаҳои умумишаҳрии сокинони Исфара бошукуҳу хотирмон баргузор гардид ва барҳақ ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандорӣю ватанпарастӣ ва сарҷамъии аҳли ҷомеа буд.