БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ, НЕКИЮ НАКЎКОРӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ, НЕКИЮ НАКЎКОРӢ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Ҳамаи ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллат барои боз ҳам хубтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мову Шумо равона гардидааст. Худ қазоват кунед, на танҳо дар Паёмҳояшон, балки дар ҳамаи суханрониҳояшон масъалаҳои давлати миллӣ, мустақилият, миллати бофарҳанги тоҷик, истиқлолияти комили давлатӣ, сулҳу субот, осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт дар соҳаи илму техника, маориф, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва аз ҳама муҳим таъмини шароити амну осоишта барои зисту зиндагонии аҳолии кишвар яке аз мавзўҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Ғамхории ятимон, бепарасторон, дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва ободонии ҳар як гўшаи кишвари биҳиштосоямон ин хусусияти хоси Роҳбари давлати мо аст. Мо бояд ҷавобан ба ғамхориии Роҳбари кишвари худ аз тоҷик будан ифтихор намоем, ҳувияти миллии худро ҳифз намоем, барои Ватан-Модар пешравӣ ва рушду нумўи он, барои ҳифзи марзу буми он, барои покизаю тоза нигоҳ доштани он хизмати худро ва агар лозим шавад ҷони худро дареғ надорем. Зеро ин макони муқаддас ягона хонаи умеди мо ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон бо номи муқаддаси Тоҷикистон барои мову Шумо насиб гардидааст. Мо бо дарназардошти вазъияти имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, ки дар заминаи манфиатҳои геополиткӣ дар кишварҳои мухталиф даргириҳои зиёде ба амал омадааст, масъул ҳастем барои пойдороии миллати худ, давлати худ ва аз даст надодани неъматҳои бебаҳои амният, осоиштагӣ, ободкорӣ ва пешравиҳои ин Ватани аҷдодӣ сухан гўем. Халқи худро огоҳ созем. Мо бояд барои ин тинҷию амонӣ, давлату давлатдорӣ ва сарҷамъии миллати худ шукргузор бошем. Худо накунад, ки мо аз ноогоҳӣ, нахондан, надонистан, кўр-кўрона фирефтаи фитнаҳои “Доишиҳо”, “Наҳзатиҳо”, ва дигар созмонҳои террористӣ, ки имрўз дар либоси дин амал мекунанд, гирифтор шавем! Худо накунад, ки осоиштагии хонадони худ, давлати пирии падару модари худ, хандаи беғаши фарзандону наберагони худ, дастурхони пурнозу неъмати бобаракати худ, орзую ҳаваси тифлакони бегуноҳи худ ва аз ҳама муҳим миллати худ, давлати худ, тоҷикияти худро бо амалҳои носазои ноогоҳонаи таҳмилшудаи хоҷагони хориҷӣ, гуруҳҳои манфиатҷў ва ҳизбу созмонҳои террористӣ аз даст диҳем! Мо бояд огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми ҳувияти миллӣ, ки муттаалиқ будани шахсро ба гурўҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангдошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад. Инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат- ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад. Имрўз мову Шумо ба зиёрати Каъба ба Арабистони Саудӣ меравем ва ё муолиҷа ва ё барои баровардани ин ё он ниёзи худ ба кишварҳои исломӣ ва ё аврупоӣ сафар мекунем. Оё моро дар ин кишварҳо ҳамчун мусулмон, диндор ва ё бедин истиқбол мекунанд? Ҳаргиз на! Мову Шуморо ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикистонӣ қабул ва бо мо муносибат мекунанд. Шукрона кунем, ки мо шиносномаи давлати худро дорем. Чунин намуди муносибати дигарон ба мову Шумо нишонаи давлатдорӣ, мустақилият ва дар паноҳи давлат будани ҳар яки моро дар назди дигар қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо нишон медиҳад. Ба чунин натиҷа, ба чунин мавқеъ расидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён маҳз дар заминаи талошҳо, масъалагузориҳо ва банақшагириҳои Роҳбари олии кишвари мо дар барномаҳо давлатии худ, ки тавассути Паёми Президент ҳарсола садо медиҳад, амалӣ гардидаанд. Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои тамоми соҳаҳои хоҷагидории мамлакат ҳамчун раҳнамое арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ нигаронида шуда, бо таҳлилҳои амиқ, натиҷагириҳои асоснок ва масъалагузориҳои мушаххас ба рушду равнақи тамоми соҳаҳои кишвар алоқаманд мебошанд. Ҳамаамон шоҳидем, ки масъалаи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо тақрибан дар ҳамаи Паёмҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи масъалаҳои асоситарин ва марказиянд. Аз ин рў вазифадор ҳастем, ки фарзандони худро ба илмомўзӣ, забономўзӣ, азхудкунии техника ва технологияи муосир ҷалб намуда, сатҳи маърифатнокии онҳоро баланд бардорем. Бо ин роҳ аз худ ба ояндаи миллат фарзанди солеҳ боқӣ гузорем. Бубинед, мо фарзандамонро дар кўдакӣ агар соҳиби илму ҳунар, дониш, маърифат ва одоби хуб кунем, пас ингуна фарзанд ҳатман соҳиби касбу ҳунар мегардад. Агар мо дар таълиму тарбияи фарзанд бепарвогӣ ва бемасъулиятӣ зоҳир намоем, ҳунар намомўзем, соҳибкасб накунем, пас мо дидаю дониста сабаби гумроҳӣ, бадбахтӣ ва ба доми ташкилотҳои ифротӣ афтодани фарзандони хеш мегардем. Барои ташаккули шахсияти комилу созанда, ки тавонад ба мақоми баланду шоистаи худ бирасад, нақши волидайн ва муҳити солими хонаводагӣ нақши калидӣ ва асосӣ дорад. Мутафаккирон, аҳли адаб ва олимони тоҷик дар пандномаву васиятномаҳо ва тадқиқоту пажӯҳишҳои мухталиф вобаста ба тарбияи фарзанд ва ҳуқуқи онҳо дар назди волидайн зикр намудаанд, ки ҳар кадом дар ҷои худ арзишманд мебошанд. Имрўз бунёди мактабу маориф, ташкили озмунҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар мадди назари шахсан Роҳбари давлати мо қарор гирифааст. Мо бояд аз ин имкониятҳо истифода барем ва фарзандони худро дар ин самт омода намоем. Дар шароити ҳозира бе илму дониш, бе мактаб сохтани ояндаи нек номумкин аст. Моро аз гирдбоди олудашавии фарҳангҳо, вусъат ёфтани равандҳои номатлуб, зуҳуроти ифротгароиву терроризм ва пайомадҳои ҳалокатбори он танҳо илм, танҳо дониш раҳо мекунад. Барои он ки фарзанди мо ватандӯсту худшинос бошад, мо бояд худамон хислатҳои шоиста дошта бошем ва барои фарзанди хеш намуна гардем. Зеро барои фарзанд ҳеч кас ба андозаи падару модари худ намунаи беҳтарини пайравӣ буда наметавонад. Дар умум, шукри ҳар неъмати доштаамонро бо кору меҳнати ҳалол изҳор намоем, ба қадри хизматҳои Сарвари давлатамон расем. Дар бари Сарвари давлат бошем, дар ободии Ватанамон саҳмгузор бошем. Агар як нафар атрофи хонаи худро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорад, ин худ саҳмгузорӣ дар ободию шукуфоии кишвар аст. Ба тозагии муҳити атроф аҳаммияти ҷиддӣ додан лозим аст. Кишвари мо ташаббускори ҷаҳонӣ вобаста ба оби тоза ва ҳифзи муҳити зист аст. Бинобар ин, бояд аз роҳбари ташаббускори худ ифтихор дошта бошем, ӯро ба сифати намунаи ибрат шиносем ва ба қадри тавони худ дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Масъулиятнок бошем. Набояд фаромӯш созем, ки дар замони муосир ягона чизе, ки моро аз дигарон қафо мегузорад, ин бемасъулиятист. Чун дар ҳоли муҳайё будани тамоми шароит барои кору таҳсил, танҳо масъулият лозим аст, ки мо аз он истифода кунему дар қатори дигарон бошем. Мо агар масъулиятшинос бошем, метавонем, бо илму дониш мусаллаҳ шавем, корманди фаъол бошем, падару модари намунавӣ шавем, шаҳрванди фахрӣ бошем. Новобаста ба самти фаъолият, дар ҳар коре, ки бошад, масъулиятро дарк накунему бомасъулият набошем, дар корамон муваффақ нахоҳем шуд.. Инсони бемасъулият волидон, наздикон ва ҳатто ватани худро дӯст дошта наметавонад. Дарки бузургии падару модарро намекунад. Ба қадри меҳнатҳои онҳо намерасад. Чи будани Ватан ва муқаддас шуморидани хоки онро намедонад. Пас, мебояд масъулиятро ҳис кунему дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ масъул бошем. Масъулиятнокӣ ба мо роҳу равиш меомӯзонад. Моро аз тангдастӣ раҳо мебахшад. Хотиррасон менамоям, ки дар замони муосир ноил гардидан ба дилхоҳ дастовард агар кори мушкиле бошад, ҳифзу нигаҳдошти он кори мушкилтар аст. Албатта Истиқлоли Ватан, ваҳдати миллӣ ва фарҳанги безаволи тоҷикӣ барои ҳар яки мо дастоварди муҳиму ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Пас, масъулияти муҳимтарини ҳар яки мо, новобаста аз назару дидгоҳҳо, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, новобаста аз ҳар омили дигар ҳифзи ҳамин дастоварди бузург аст. Зеро ҳаёти осудаи ҳар яки мо, зиндагии шоду хушбахтонаи фарзандону пайвандонамон аз Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад.

Хабарҳои нав