Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар нимсолаи якуми соли 2025

Маълумот оид ба таъмини иҷрои нақшаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳри Исфара дар нимсолаи якуми соли 2025 Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо дастгирии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара як қатор корҳои амалиро вобаста ба таъмини иҷрои буҷет ба сомон расонид. Бо дарназардошти таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ иҷроиши қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳаммаи сарчашмаҳои воридот давоми шаш моњи соли 2025 ба андозаи 103,0 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷети давлатӣ 109 милиону 852 ҳазору 671 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3 милиону 712 хазору 671 сомонӣ зиёд ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 19 милиону 940 ҳазору 93 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бошад,дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 ба андозаи 103,2 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷетимаҳаллӣ 80 милиону 934 ҳазору 588 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи аниќшуда 2 милиону 484ҳазору 588 сомонӣ зиёд буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 16 милиону 785 ҳазору 776 сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад,дар ин давраба андозаи 106,7 фоиз таъмин гардида дар давраи њисоботї ба буҷети ҷумҳуриявӣ 28 милиону 918 ҳазору 83 сомонӣ ворид гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 милиону 228ҳазору 83 сомонӣ зиед мебошад. Нақшаи даромади андози иҷтимоӣ бошад дар нимсолаи якуми соли 2025 ба андозаи 106,7 фоиз таъмин гардида, амалан ба суратхисоби агентии суѓуртаии иљчтимои ва нафаќа бо назардошти маблаѓхои харочоти дохила 51 милиону 561 ҳазор 177 сомонӣ ворид гардид. Наќшаи даромади андози иљтимоии бучети дар нимсолаи якуми соли 2025 ба андозаи 106,4 фоиз таъмин гардида, амалан ба суратњисоби агентии суѓуртаи ичтимои ва нафаќа бо назардошти маблаѓхои харочоти дохила 27 милиону 691 хазор 298 сомони ворид гардид, ки нисбат ба наќшаи пешбинишуда 1 милиону 670 хазору 298 сомони зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад,дардар нимсолаи якуми соли равон ба андозаи 107,0 фоиз таъмин гардида, амалан бо ба суратхисоби агентии суѓуртаи ичтимоии нафаќа бо назардошти маблаѓхои харочоти дохила 23 милиону 869 њазор 879 сомонї ворид гардид, ки нисбат ба наќшаи пешбинишуда 1 милиону 570 хазору 879 сомони зиёд мебошад. Маблаѓи баќияи ќарзи андозхо ба холати 01.01.2025 сол маблаѓи 4 милиону 574 њазору 197 сомониро ташкил дода, ба њолати 01.06.2025 сол бошад 4 милиону 159 њазору 999 сомониро дарбар гирифта, нисбат ба санаи 1 январи соли равон ба маблаѓи 414 хазору 198 сомони кохиш ёфтааст. Дар давраи хисоботи нақшаи қисми хароҷоти бучети маҳаллии шаҳри Исфара ба андозаи 96,7 фоиз таъмин карда шуда, мувофиқи нақша бо тағйироту иловаҳояш мебоист 139 милиону 802 њазору 560 сомонӣ хароҷот мешуд, амалан бошад 135 милиону 160 њазору 773 сомонӣ хароҷот карда шудааст, ки нисбати нақша ба маблағи 4 милиону 641 њазору 787 сомонӣ кам мебошад. Дар нимсолаи якуми соли равон барои пурра пардохт намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳоибуҷетӣ маблаѓи 96 милиону 622 њазору 684 сомонӣ ва ҳиссаҷудокунӣ ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа 24 милиону 830 њазору 125 сомонӣ равона шуда, хароҷоти дигар моддаҳои ҳимояшаванда 13 милиону 328 хазору 167 сомониро ташкил дод. Инчунин, барои пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоии кормандони техникии муассисаҳои буҷети ҳамагӣ 379 хазору 797 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва ба хароҷот бароварда шудааст. Мувофиқи маълумотҳо барои пурра пардохт намудани соҳаи иҷтимоиёт ба маблағи 127 милиону 997 њазору 36 сомонӣ хароҷот карда шуда, 94,7 фоиз ҳаҷми умумии хароҷотро дар бар мегирад. Барои моддаҳои ҳимояшаванда бошад ба маблағи умумии 123 милиону 70 њазору 279 сомонӣё 91 фоиз ҳаҷми умумии хароҷотро дарбар мегирад. Маврид ба зикр аст, ки музди мехнати мохи июн ва рухсатии мехнатии омўзгорон низ пурра ва сари ваќт пардохт гардида, ба холати 1 июли соли равон ќарздорї дар ин самт вучуд надорад. Раёсати Вазорати молияи Ч умхурии Точикистон дар шаҳри Исфара дар оянда низ бахри таъмини иљрои сифатноки бучети шахр корҳои амалиро ба роҳ монда, чихати ноил гаштан ба имкониятњои молиявї тамоми чорањоро меандешад.

Хабарҳои нав