МАРОСИМИ ВАРЗИШИИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА МУТАШАККИЛОНА ГУЗАШТ.

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ бахшида ба таҷилили бошукуҳи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар шаҳри Исфара бо иштироки зиёда аз 6 ҳазор нафар сокинони синну соли гуногун Рӯзи Дави миллӣ баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи ин чорабинии бонуфузи варзишӣ раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо зикри иқдомот ва дастуру ҳидоятоҳи ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии давлатии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳадафи асосии ташкилу баргузории ин иқдоми бонуфузи варзиширо рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ арзёбӣ карда, ҳамзамон, ҷавонону наврасонро ба истифодаи иншоотҳои зиёди варзишии дар ҳудуди шаҳру деҳот мавҷудбуда ҳамарӯза шуғл варзидан ба намудҳои гуногуни варзиш ва тақвияти нерӯмандӣ даъват намуд. Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти он давоми моҳи май ба ифтихори таҷлили сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон як силсила барномаҳои оммавӣ–варзишӣ, солимгардонӣ ва мусобиқаҳои варзишии дигарро низ ба нақша гирифтааст. Зеро рушди варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон яке аз самтҳои мушҳимтарини фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад. Аз ин рӯ ҷиҳати ҳавасманд гардонидани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки то имрӯз даҳҳо нафар варзишгарони тоҷик соҳиби он гардидаанд. Маҳз дар давраи Истиқлолияти давлатӣ варзиши тоҷик густариши бесобиқа пайдо карда, варзишгарони ҷавони мо тавонистанд, ки бо иштироки фаъолона ва ҳисси баланди ватандӯстонаи худ соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ гардида, ба ифтихори пирӯзии онҳо парчами давлатии Тоҷикистон парафшон ва дар гӯшаҳои мухталифи олам суруди миллиамон садо диҳад. Ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибиқлол хоҳанд буд. Чорабинии варзишӣ аз гардиши роҳ ба шаҳраки Шӯроб оғоз ёфта, ба василаи хиёбони марказӣ то назди майдони Парчам идома ёфт ва дар охир ба иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара субҳидами дар маркази шаҳр Марафони велосипедронӣ низ муташаккилона баргузор гардид. Дар марафони велосипедронӣ кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сарварон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, наврасону ҷавонон ва дар маҷмӯъ зиёда аз 300 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш ширкат варзиданд.