ПАРЧАМ - ИФТИХОР ВА САРИ БАЛАНДИ МО

ПАРЧАМ - ИФТИХОР ВА САРИ БАЛАНДИ МО Дар баробари Нишон, Артиш ва асъори миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъиксокунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар он тамоми арзишҳои милливу мазҳабӣ таҷассум шудаанд. Дар аксар маврид Парчам бо номҳои байрақ ва ливо миёни мардуми мо маъруф аст, яке аз хусусиятҳои хоси он муттаҳидию сарҷамъии мардуми як давлат баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ, давлатӣ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Яъне иттиҳоду сарҷамъӣ муҳимтарин рамзи Парчами давлатӣ аст. Дар минбарҳои баланди ҷаҳон ҷойгоҳи худро ёфтан, сарбарафрохтан ва шинохта шудани Парчами давлатии мо маҳз бо талошу кӯшишҳо, ҷоннисориҳо ва заҳматҳои беназири роҳбари давлати мо, сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишварамон ба даст омадааст. Парчам дар ҳақиқат рамзи иттиҳоду сарбаландӣ мебошад. Он ҳисси ифтихори ватандорӣ, шинохти миллӣ, соҳибдавлатию соҳибмулкии тамоми хурду бузурги мамлакат аст. Бубинед, ки чӣ тавр миллату халқиятҳои гуногуни олам, ҳама соҳиби парчам буда, ба он эҳтиром мегузоранд. Бо парчамҳои худ ифтихор мекунанд. Халқиятҳое, ки асрҳои аср давлатдорӣ мекунанд ва имрӯз бо гузашти садсолаҳо хеле мустаҳкам ва пурқувват шудаанд, парчамҳои худро ба сифати рамзи муқаддас дар либосҳо ва таҷҳизоту асбобҳои техникӣ сабт карда, ба тамоми дунё паҳн месозанд, Парчам ҳамчун рамзи миллати пешрафта муаррифӣ гардида, онҳоро ба ҷаҳониён шинос мекунанд. Мардуми Тоҷикистон ҳам барои расидан ба парчамдорию Истиқлол бисёр роҳҳои душвору пурпечутобро паси сар намудааст. Баъди ҳазор соли аз даст додани давлати миллиамон, яъне Давлати Сомониён мо дубора соҳиби давлати миллӣ ва Парчами миллӣ гардидем. Ҳоло ҳам бисёр халқияту миллатҳое арзи ҳастӣ доранд, ки мехоҳанд соҳиби парчам ва давлати миллӣ бошанд. Вале, то имрӯз ба онҳо ин хушбахтӣ насиб накардааст. Маъхазҳои таърихӣ собит намудаанд, ки куҳантарин парчами тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” аст. Маҳз гузаштагону аҷдодони мову Шумо ба дигар ҳалқу миллатҳо анъанаи парчамдорӣ ва ватандӯсториро омӯзонидаанд. Парчамдорӣ дар ҳақиқат эҷоди мардуми сарбаланди тоҷик ва мардумоне мебошад, ки дар заминҳои таърихии мову Шумо умр ба сар бурдаанд. Ҳамин суннатҳои аҷдодони мо сабаб шудааст, ки дар марҳилаҳои баъдии таърихӣ давлатҳо, қавму қабилаҳо ва ҳатто гурӯҳҳое барои худ парчам сохтанду рамзи иттиҳоду ягонагӣ ва сарҷамъӣ карданд. Ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони моҳам парчами худро дошт. Аммо дар он давра, он шукуҳу шаҳоматеро, ки Парчами миллии мо имрӯз дорад, ифода намекард. Тоҷикон ба куҷое, ки сафар намекарданд, ё дар кадом мусобиқаи байналхалқие баромад намекарданд, парчами шӯравиро намояндагӣ доштанд. Имрӯз бошад, парчами мо тоҷикон дар тамоми дунё танҳо нишонаи сарзамини тоҷикон ва халқҳои Тоҷикистон аст. Парчам дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳо, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ рамзи асосӣ ҳисоб мешавад. Ҳар нафаре, ки ифтихори миллӣ дошта бошад бояд донад ва ба фарзандони худ омӯзонад, ки Парчам ҳам маъно ва ҳам мазмун дорад. Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро ифода мекунанд, ки ба миллати мо хос ҳастанд: - ранги сурх - озодӣ ва истиқлол: - ранги сафед - сулҳу оромӣ: - ранги сабз - ободӣ ва ривоҷу равнақ. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи парчам ҷойгир шудаанд, рамзи миллати таърихӣ, куҳанбунёдӣ ва тоҷикиятро ифода мекунанд. Имрӯз Парчами миллӣ дар тарбияи насли наврас, баланд бардоштани руҳияи онҳо, махусан ҳисси ватандӯстии онҳо, ифтихор аз Ватану миллат таъсири бузург дорад. Вақте ки як варзишгари тоҷик дар мусобиқаҳои байналхалқӣ пирӯз мешавад ва ба ифтихори ӯ Парчами Тоҷикистон боло бардошта мешавад, дили мо аз шодӣ лабрез мегардад. Хурду бузург, пиру ҷавон, зану мард ашки шодӣ мерезанд. Хушбахтона фарзандони миллати тоҷик бо ин ё он касбу ҳунари худ аз минбарҳои баланди ҷаҳон ғолибияти худро маҳз бо боло кардани Парчами миллату давлати худ ба ҳамагон эълом мекунанд. Бо дидани ин манзара ҳар як тоҷики баору номус, ки заррае агар дар рагу хунаш эҳсоси ифтихори миллӣ дошта бошад, баробари қаҳрамони мо шодӣ мекунад. Ин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҷодаи зиндагӣ ҳар яки мо парчамбардори авлоди худ ва давлату миллати худ бошем. Ягонагӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагӣ, сулҳу суботи кишвар ва парфишонии парчами онро мардона ҳифз кунем. Агар лозим шавад, дар ин роҳ ҷони худро дареғ надорем. Зеро эҳтиром ба Ватан аз эҳтироми муқаддасоти он, аз ҷумла Парчам сарчашма мегирад. Ин мисраи мондагори Шайх Саъдӣ бояд шиори ҳамешагии ҳар як соҳибватан бошад: Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман!... Вақте ки дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд, нахустин коре, ки анҷом доданд, ин арзи адабу эҳтиром дар назди Парчами миллӣ буд. Роҳбари давлат Парчами Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин муқаддасоти миллӣ бӯсиданд ва қавл доданд, ки ба Тоҷикистони ҷангзада сулҳ меоранд. Ин амал эҳтироми баланд нисбат ба муқаддасоти миллӣ, ҷавонмардӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат нисбат ба миллатро нишон дод. Ҳамин садоқату муҳаббат ба арзишҳои миллиро Сарвари давлати мо дар марҳилаҳои баъдӣ низ идома доданд. Ин буд, ки дар асоси фармони худ, оғоз аз соли 2009 ҳамасола 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Илова ба ин, дар асоси фармони Сарвари давлат 30-юми августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе, дар паҳлуи Қасри миллат баландтарин Парчам дар дунё барафрохта шуд. Дар маросими кушодашавии ин парчам намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок карда, ба Тоҷикистон Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супориданд. Дар ҷаҳон баландтарин парчам бунёд кардан ҳам нишонаи хос аст. Ин маънои сарбаландӣ, абадият ва кам набудан аз дигар халқҳову миллатҳо мебошад. Намояндагони миллати тоҷик имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам кору зиндагӣ доранд. Баландии парчам аз тарафи дигар нишонаи он аст, ки сояи он дар тамоми олам ба сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ соябон бошад. Муҳимтарин рамзи парчам ин сарҷамъии миллат аст. Ҳоло вақти он аст, ки мо бо ифтихори бузурги ватандорӣ, бо нангу номус, бо меҳнати ҳалол дар зери ҳамин парчаме, ки ҳар як ранги он нишонаи ормонҳои ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо мебошад, аз ҳарвақта бештар муттаҳиду сарҷамъ гардем. Фарзандону пайвандон ва насли ояндаро дар руҳия эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, махсусан Парчами давлатӣ тарбия намоем. Суннату анъанаҳои парчамдориамонро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Мо худ шоҳид ҳастем, ки гуруҳҳои даҳшатафкан дар кишварҳои ба мо маълум аввалин коре, ки карданд, парчами онро иваз намуданд. Аз ин нигоҳ, бояд дар хотир дошта бошем, ки ҳадафи асосии чунин гуруҳҳои экстремистию террористӣ танҳо суйистифода аз дини мубини Ислом аст. Ба ҳамин хотир, Исломро ба бозиҳои сиёсӣ мекашанд. Ҳамаи мо бояд дар муқобили фаъолияти душманонаи бадхоҳони миллат ҳушёру зирак бошем. Нагузорем, ки беҳтарин неъмати илоҳӣ - сулҳу суботи мо халалдор гардад. Баръакс, ҳамеша барои пойдории сулҳу суботи Ватан, сарбаландии миллат ва парафшонии Парчами миллӣ содиқона заҳмату талош намоем. Имрӯз ба ҷо овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро ки Парчам як рамзи хосаи Истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.

Хабарҳои нав