БА ҚАДРИ ҲАР НЕЪМАТЕ БОЯД БИРАСЕМ

БА ҚАДРИ ҲАР НЕЪМАТЕ БОЯД БИРАСЕМ Ҳар як инсони бовиҷдон, боимон ва хештаншинос бояд аз ёд набарорад, ба насли ҷавони имрўза ва оянда фаҳмонад, насиҳат кунад, ки мо 34 сол қабл дар чигуна вазъият қарор доштем. Ҷанги таҳмилиии шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо омад ва хонумони аксари моро сўхт, тифлакони ноболиғи бегуноҳро аз модар рабуд, ҷавонони бегуноҳ ғурамарг шуданд, модарони пирсол ва падарони рўзгордида муҳоҷир шуда, тарки Ватан карданд, доғе бар ҷигари модарон монд, ки онро дармоне нест. Кўчаҳо пур аз силоҳбадастон, авбошон, ғоратгарон, террористон ва хунхорони бераҳм буд, ки аз номи дини ислом баромад мекарданд ва онҳоро мо хуб мешиносем, онҳо ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом ҳастанд. Гуруснагӣ, тангноӣ, бекасӣ, дарбадарӣ, фақирӣ, нодорӣ ва яъсу ноумедӣ мардумро фаро гирифта буд. Хушбахтона бо сабаби дасту дили пок, азму иродаи қавӣ, нерўи созандаи худододӣ ва ҷавонмардию матонати фарзанди фарзонаи миллат, қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмати бебаҳои Худованди мутаол - сулҳу субот, амнияти комил, пешрафту гулгулшукуфоӣ, рушди бемайлони иқтисодӣ, бунёди корхонаҳо, серию пуррӣ, фаровонии неъмат дар ҳар як хонадон, гаштугузори озоди тифлакон, фарзандони мо, хандаи беғаши кўдакон, давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона насиби мардуми сарбаланди Тоҷикстон гардид. Ин абармарди таърихӣ заминагузор ва сабабгори ҳамаи ин хушбахтиҳои тоҷикистониён гардид. Ин аст неъмати бебаҳое, ки Офаридгор ба мо арзонӣ доштааст ва мо барои аз ин неъмат ношукрӣ накардан бояд рўзҳои гузаштаи худро аз ёд набарорем ва онро ба наслҳои ҳозира ва ояндаи худ расонем, насиҳат кунем, ки онҳо низ рўзҳои гузаштаи аҷдоди худ, авлоди худ, ки дар заминаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо омада буд, фаромўш накунанд. Хотиррасон мекунам, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо дастовардҳои имрўзаи таъмини сулҳу субот ва оромии комил дар кишвар, рушду нумўи ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим, пешрафти иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, илму техника ва технологияи муосир, муҳимтар аз ҳама фаровонии ҳамаи нўшу неъматҳо дар хона, бозор ва чашми сери мардуми мо, хотири ҷамъи модарон ва сарҷамъии миллат, ба мо насиб гардид ва ношукри набояд аз ин неъматҳо кунем. Ҳар яки мо бояд донем ва фаромўш накунем, ки давлати мо дар солҳои солҳои 1990 -2000 дар кадом сатҳ буд ва имрўз дар кадом сатҳ қарор гирифт. Аз ҳамагуна пешрафту дастовард ифтихор дошта бошем, шукрона кунем. Имруз зиёда аз 150 давлати дунё Тоҷикистонро мешиносанд ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва дигар робитаҳоро доранд. Чигуна, ки дар болотар қайд карда гузаштем, ҳамаи мо ёд дорем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз сабаби нооромиҳои сиёсӣ ҳатто баргузории ҷаласаҳои сатҳи миллӣ дар пойтахти кишварамон номумкин гардида буд. Ҳоло бошад, бо талошу заҳматҳои пайвастаи Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардум Тоҷикистони азизи мо ба кишваре мубаддал шудааст, ки дар ҳалли масъалаҳои буҳронии дигар кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳурии ба мо ҳамсоя саъйу талош меварзад. Тағйир ёфтани авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон, дар шаклҳои нав зуҳур кардани падидаи манфури ифротгароиву терроризм моро водор мекунад, ки ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Ҳолати баъзе аз кишварҳои ҷаҳон бароямон дарси ибрат бошад, то ба ин хулоса бирасем, ки мо бояд ба умеди касе набошем. Ҳеч кас ба ҷои мо хонаи моро обод намекунад. Ҳеҷ кас ғами моро намехӯрад, ҳеҷ кас дар рӯзи шикаст дасти моро намегирад. Дар ҳар ҷое набошем, дасти тоҷики дигарро бигирем, маслиҳати худро ба як тоҷики дигар дареғ надорем, дар шодии якдигар шодишарик ва дар ғами ҳам ғамшарик бошем. Ҳеҷ набошад, агар кумаке карда наметавонем, лоақал зараре ба ҳаммилати худ нарасонем. Масъулияти дигаре, ки бояд болои он андеша кунем, ин муттаҳидӣ дар роҳи мубориза бо таҳдидҳои муосир аст. Модарони азиз, фарзандони худро ҳамеша насиҳат кунед, нагузоред, то ба ҷони ҷавони худ ҷабр кунанд. Агар фарзанди шумо дар муҳоҷират бошад, ҳатман зимни ҳар гуфтугӯ ин масъалаҳоро ёдрас кунед, зеро ин ҳам масъулияти волидайн ва ҳам масъулияти имонии шумост. Мо миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ҳастем ва бузургтарин арзиш барои ҳар яки мо пеш аз ҳама бояд ҳамин фарҳанги миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва соҳибтамаддуниамон бошад. Таҷрибаи ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҳар миллате аз асолати фарҳангии худ дур монад, ба бадбахтиҳои азиме гирифтор мешавад. Ин гуфтаҳоро мо дар як даҳсолаи гузашта дар мисоли баъзе аз кишварҳои арабӣ шоҳид будем. Гурӯҳҳои фурсатталаб ва қудратҳои манфиатҷӯ бо шиорҳои фиребо тавонистанд ин кишварҳоро ба хоку хун кашанд. Вақте дар мавриди дилхоҳ буҳроне суҳбат мекунем, бояд дар мавриди сабабҳо ба миён омадани он истода гузарем. Асоситарин сабаби ба варта афтодани давлату миллатҳо ин хурофотпарастиву ҷаҳолат мебошад, ки пайваста аз ҷониби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ тарғибу амалӣ мешавад. Чунин гурӯҳҳо ба илму фарҳанг аслан рағбат надошта, баръакс душмани ашаддии илму фарҳанг мебошанд. Зеро вақте дар дилхоҳ ҷомеа илму фарҳанг арзиши худро гум мекунад, ҷои онро хурофоту ифротгароӣ мегирад. Хурофоту ифрот ба нобудии давлату миллат оварда мерасонад. Аз хурофот то ифротгароӣ фосила як қадам аст. Рисолати муқаддаси ҳар яки мо дар ҳамин шароит пеш аз ҳама ҳифзи фарҳанги миллӣ аз олудагӣ ба ҳар гуна хурофот мебошад. Ҳифзи фарҳангу пешгирӣ аз хурофот танҳо бо роҳи илмомӯзӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон имконпазир мегардад. Дар ин роҳ ин байти зерини шоир ҳамеша бояд шиори ҳар яки мо бошад: Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо, Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо. -номуси мо ин ифтихор аз тоҷик буданамон аст, - номуси мо ҳамин фарҳанги ҳазорсолаи миллиамон аст, ки муаррификунандаи симои миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад -номуси мо давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон аст - номуси мо падару модарони хушбахте ҳастанд, ки дар фазои амну осоиштаи кишвар, бидуни тарсу ҳарос давлати пирӣ меронанд - номуси мо хандаҳои беғаши кӯдаконамон аст, ки бепарво дар кӯчаву хиёбонҳо сайр мекунанд. Пас, ҳифзи ҳамин дастовардҳо ба маънии ҳифзи ҳайсияту номус аст ва дар айни замон, бетаваҷҷуҳӣ ба ҳамин дастовардҳо ба маънии хиёнат ба ҳаёти осоишта ва хиёнат ба сарзамини тинҷу осуда мебошад. Мутаассифона ҳанӯз ҳам афроде дар мисоли пайравони ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан намояндагони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом, “Салафия”, “Давлати исломӣ” ва амсоли инҳо пайдо мешаванд, ки бо тарғиби ғояҳои ифротгароии динӣ талоши беранг нишон додани ин дастовардҳои муҳими таърихии кишвари моро мекунанд. Ҳадафи онҳо бо ин роҳ ба доми хиёнат кашидани ҳамватанони мо, хусусан қишри ҷавони мамлакат мебошад. Чун дар масъалаи хиёнат суҳбат кардем, мо бояд ба як нукта таваҷҷуҳ кунем, ки ҳар шахси ҳамроҳшуда ба ғоя ё сафи ҳаракатҳои ифротӣ, чӣ аз тариқи интернет бошад, чӣ бо василаҳои дигар дар баробари ҷинояткор будан бешак ӯ ба давлату миллати худ, ба хонаву дари худ, ба ҳамсару фарзандон, ба падару модар ва ҷомеаи худ хиёнат кардааст ва хоин дониста мешавад. Зеро ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо мебошад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, ҷои по пайдо кардани онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад! Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мегардад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Пас, чунин нафар, ҳам аз нигоҳи қонунгузории давлат ва ҳам аз назари шариати исломӣ хоин мешавад! Борҳо таъкид кардем, ки мо дар роҳи мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ танҳо ҳамон вақт муваффақ мешавем, ки хатари чунин гурӯҳҳоро ба худиву бегона ҷудо насозем. Ҳаргиз гумон накунем, ки ин хатар танҳо ба давлату ҳукумат таҳдид мекунаду мо аз шарри чунин гурӯҳҳо эминем. Имрӯз давлати Тоҷикистон хатару оқибатҳои тафаккуру фаъолияти гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ мондааст. Мо набояд фаромӯш кунем, ки фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунанд. Аз ин лиҳоз, муборизаи ҳамаҷониба бо ин гурӯҳҳо натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. Яъне, мубориза бо экстремизму терроризм ба манфиати шахсии ҳар яки мо, ифодагар ва ҳимоягари манфиати ҳар яки мо мебошад. Мубориза бо ифротгроӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ бояд ба кори ҳамаи мардум, ба як муборизаи бузурги умумимиллӣ табдил ёбад. Ва бояд ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, новобаста аз синну сол ва новобаста аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи ҳаёту мамот саҳм гузорад.

Хабарҳои нав