Таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода маҷлиси васеъ доир гардид.
Сароғоз масъалаи тағйироти кадрӣ баррасӣ гардид, ки қисмати аввали онро мудири шуъбаи кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода муаррифӣ намуд. Номбурда ба ҳозирин муовинони тозаинтихоби раиси шаҳр Ҳамзазода Илёс Аббос ва Хуршедзода Парвинаро шинос кард. Зикр намуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳри Исфара ва ҷонибдории Раиси вилоят бо розигии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамзазода Илёс Аббос ва Хуршедзода Парвина ба ин вазифа таъин гардидаанд ва изҳори боварӣ намуд, ки баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Исфара кӯшишҳо ба харҷ хоҳанд дод.