Бахшида ба Рӯзи байналхалқии оила, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифату одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳоиҷавон дар Маркази фарҳангиву фароғатии “Кулканд”– и шаҳри Исфара маҳфили адабиву мусиқии «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ аз ҳамаи шаҳраку ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр оилаҳои барўманд, ҷавонони навхонадор ва оилаҳои намунавӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳр Зиёваддинзода Суруридин ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро аз номи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо Рӯзи байналмилалии оила сидқан шодбош гуфта, аз ҷумла тазаккур дод, ки оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад. Оила ва оиладорӣ пеш аз ҳама дар асоси ишқи пок ва садоқату вафодорӣ устувор аст. Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул ва муросову мадоро мавқеъи муҳим дорад.
Ҳадафи асосии таҷлили Рӯзи оила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба проблемаҳои сершумори оила мебошад. Зеро, оила асоси ҷамъият маҳсуб ёфта, мушкилоти оилавӣ ҳамеша ба зиндагии иҷтимоии инсон таъсири бевосита дорад.
Муовини раиси шаҳр таъкид дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳамасола ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бундёкориву созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳамзамон оилаи солим аз зану шавҳар иҷрои вазифаҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, иқтисодию маишӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сабру тоқат, андеша, эҳтироми якдигар ва тарбияи комили фарзандонро талаб менамояд.
Дар раванди маҳфил аъзои 8 оилаҳои барӯманди диёр ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ширкат варзида, бо саҳифагардон намудани китоби хотирот ва нақли лаҳзаҳои ибратомӯзи оиладорӣ, бахусус зиндагии тифоқи бисёрсола андешаҳои хешро баён доштанд ва ҳозиринро ба таҳкими оила ва идомаи анъанаҳои неки оиладории миллӣ ҳидоят намуданд.Ҳамзамон аз оилаҳои ҷавон даъват ба амал оварда шуд, ки босабру пуртаҳаммул бошанд.
Онҳо бо шукрона иброз доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чунин давлати орому осоишта умр ба сар мебаранд.
Маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаи қайди давлатии ақди никоҳи наварӯсон ва супоридани шаҳодатномаи хои таваллуди кӯдакони навзод бо шукуҳи хоса сурат гирифта, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара бахшида ба Рӯзи оила вохӯриву мулоқот ва озмунҳо муташаккилона ва муассиру хотирмон баргузор гардиданд, ки ҷиҳати беҳдошти вазъият дар самти оиладорӣ ва густариши фарҳанги хонаводагии оилаҳои ҷавон мусоидатгар буданд.