Азхудкунии заминҳои бекорхобида ва бунёди боғҳои нав дар шаҳри Исфара
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара азхудкунии заминҳои бекорхобида бо маром идома доранд. Дар доираи ин иқдомҳо бо мақсади таъмини рушди боғпарварӣ ва зиёд намудани истеҳсоли меваҷот боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда мешаванд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода рӯзи 21 октябр зимни сафари корӣ ба Исфара бо ҷараёни корҳои тахту ҳамворкунии замин, бунёди ҳавзҳои захираи об, кашидани хатҳои обрасонӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ дар боғи “Истиқлол” шинос шуд. Ба иттилои масъулин бо саҳми соҳибкорони ватандӯст дар заминҳои солҳои тӯлонӣ бекорхобида дар масоҳати 600 гектар боғҳои нав бунёд мегарданд.
Айни замон корҳои тахту ҳамворкунӣ дар майдони зиёда аз 140 гектар ба анҷом расида, нақша аст, ки се ҳавзи бузург барои захираи об бо ғунҷоиши гуногун сохта шавад. Барои обёрии боғҳои нав аз дарёи Исфара хатти об ба дарозии беш аз 2 километр кашида мешавад.
Татбиқи лоиҳа дар асоси тавсияҳои олимони соҳаи кишоварзӣ ва бо ҳамкории онҳо амалӣ гардида, ҳадаф аз он таъмини рушди боғдорӣ ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин мебошад.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзӣ ва олимон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз зарурати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёди боғҳои нав ва истифодаи усулҳои муосири боғу токпарварӣ ёдовар гардид.
Таъкид шуд, ки афзоиши майдони боғот имконият фароҳам меорад, то содироти мева ба хориҷи кишвар бештар гардад. Шаҳри Исфара аз марказҳои асосии боғпарварӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, дар таъмини бозори дохилӣ ва содироти мева ба кишварҳои хориҷӣ нақши муҳим дорад.
Аз ҷониби соҳибкорон бунёди 200 гектар боғи зардолу, инчунин парвариши себ, гелос, сиёҳолу, чормағз, бодом, шафтолу ва писта дар майдони умумии 600 гектар ба роҳ монда мешавад.
Бо амалӣ шудани ин иқдом даҳҳо нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли мева дар шаҳри Исфара афзоиш хоҳад ёфт.
Раиси вилоят ба соҳибкорони ташаббускор барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи боғдорӣ изҳори сипос намуда, дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо олимон ва мутахассисон корҳои шинонидани ниҳол ва бунёдкориро дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра анҷом диҳанд.
Сомонаи расмии МИҲД
Исфара