Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроия

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 6 моҳи сипаригаштаи соли 2025 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод. Сарогоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми нимсолаи аввали соли 2025 муовини Раиси шаҳри Исфара Хуршедзода Парвина гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара давоми шаш моҳи аввали соли 2025 тамоми имконияту захираҳои худро барои таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуд ва дар натиҷа рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин гардид.

Хабарҳои нав