Номзадҳо пешбари гардиданд

Санаи 11 январи соли равон конференсияи XХVIII ҲХДТ дар шаҳри Исфара, пешбарии номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони шаҳри Исфараро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҳавзаҳои Исфара №8 номзадии Саломзода Сиҷоуддин раиси шаҳри Исфара, ба Шаҳрак №9 номзадии Расулзода Дилшод Ҷабборӣ директори ЗГМИ “Тамохуш”, Чоркуҳ №10 номзадии Раҷабов Савриддин Амакович соҳибкор , ба Ворух №11 номзадии Раҳматова Меҳрӣ Файзилаҳатовна раиси ҷамоати деҳоти Ворух, ба Навобод №12 номзадии Олимов Зафар Мирзоевич табиб, ба Навгилем №13 номзадии Халлоқова Муҳаббат Бурҳоновна директори МТМУ №15, ба Чилгазӣ №14 номзадии Ҳалимов Абдулмуъмин Рауфович директори ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” пешниҳод гардид.
Вакилони конференсия 40 нафар аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар рушду нумуи шаҳру деҳоти Исфара саҳми шоиста доранд, номзад ба 40-ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара пешниҳод карданд.
Дар кори конференсия муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара Абдумутулиб Шарипов иштирок доштанд.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода вазифаҳои аъзои ҳизбро дар марҳилаи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои намояндагон ба маҳалли муайян намуда ҳамагонро ба тарғиби ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят кард.