Мулоқоти кории намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Исфара

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи кории ҳайатҳои васеи намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки намояндагони хадамоти махсус ва марзбонони ду давлат баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва Ҷумҳурии Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Орозбек Опумбаев роҳбарӣ карданд.

Мавзӯи асосии мулоқоти ҳайатҳо таъмини амният дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳарду давлат буда, ҷонибҳо инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкории байниидоравӣ дар мубориза бо зуҳуроти терроризм, экстремизм, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористиро баррасӣ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот ҷонибҳо доир ба зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар таъмини амният дар сарҳади ду давлат ва муборизаи муштарак бо фаъолияти зараровари ташкилотҳои байналмилалии динӣ-экстремистӣ ва террористӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсии мамнӯъ дар қаламрави ҳарду давлат ба мувофиқа омаданд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки барои кори самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҷонибҳо ба мувофиқаи мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ расиданд.