ВАТАНФУРӮШ КУҶО ДОНАД, КИ ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ..?!

Ҳифзу ҳимояи Ватани аҷдодӣ натанҳо ӯҳдадории шаҳрвандӣ, балки қарзи виҷдонию фарзандӣ ва имонии ҳар як ҷавонмарди баору бономус аст, ки хушбахтона дар замони имрӯз ҷавонони мо бо дарки ин маънӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстию ватандорӣ ин рисолати муқаддаси худро ба ҷо меоранд.
Муташаккилона сурат гирифтани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо амри дилу виҷдон дар нахустин рӯзҳои маъракаи сафарбарнамоии даъватшавандагон азми хизмати Ватан намудани 265 нафар ҷавонони шуҷоъ ва ватанпарвари Исфара далели ин гуфтаҳост.
Аммо, мутаассифона чунин падидаи нек ва амали шоистаи ҷавонони Исфара ба табъи нопоки иддае аз ашхоси ватангумкардаю мазҳабфурӯше чун корсози сомонаи ихтилофсози ISLOH.NET Муҳаммадиқболи Садриддин хуш наомада, эҳсоси волои ватандӯстии ҷавонон ва раванди муташаккилонаи маъракаи даъватиро дар шаҳри мо бо нашри як маводи ҳангомаҷӯёнаи худ – «Гаравгонгирии мақомот дар Чоркух ва Ворух. Исфара пилони облаваро чигуна иҷро кард?» муғризона таҳти шубҳа қарор додааст.
Ҳол он, ки Пайғамбари ислом дар ҳадиси муборакашон фармудаанд, ки «Дӯст доштани Ватан аз Имон аст!», вале Муҳаммадиқболи Садриддине, ки даъвои дину диёнат мекунад, дидаю дониста ва худогоҳона ин ҳидояти Пайғамбарро қатъи назар кардааст, ки аслан аз беимонии ӯ шаҳодат медиҳад.
Баръакси ӯ садҳо нафар фарзандони асилу боимони диёр, ки хоку марзу буми кигвари аҷдодӣ барояшон азизу арзишманд аст, ба Ватан садоқатманд ҳастанд, азму нияти хизмати Ватан – Модар кардаанд ва оянда низ муҳофизу ҳимоягари Ватани азизи худ хоҳанд буд.
Хушбахтона, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии волидайни ҷавонони синнидаъватӣ, аз ҷумла аз ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар сатҳи баланд аст, зеро онҳо хуб медонанд, ки хидмати ҳарбӣ мактабест, ки ба фарзандони онҳо дарси матонату шуҷоат, далерию ғайрат, нангу номуси мардонагӣ ва сабру таҳаммул меомӯзад.
Дар ин радиф, аъзоёни комиссияи даъватӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти иҷроия ва худидораи маҳаллӣ, намояндагони ҳизбу созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма шомил ҳастанд, вазифаи худро софдилона ва эҳсоси ватандорӣ ба ҷо меоранд.
Ҳар як шахси солимфикре, ки ин навиштаи муғризона эҷодшударо хонад, эҳсос мекунад, ки ҳадафи асосии муаллифи он душманона ба сӯи миллату давлат ва Ватани мо сангандозӣ, бадхоҳӣ ва бадномкунии роҳбарияти воломақоми Тоҷикистон ва шахсиятҳои барӯманди он аст.
Бо ин мақсад ӯ дар як навишта, натанҳо ба маъракаи даъвати ҷавонон, балки ба даҳҳои масъалаҳои дигар каҷбинона рӯ оварда, кӯшиши айбҷӯию бадгӯӣ кардааст.
Ин муаллифи ватангумкарда намехоҳад, ки ҷавонони мо ба хидмати ҳарбӣ ва ҳимояи Ватан раванд ва бешармонаю ошкоро навиштааст, ки «Чаро бояд раванд? Киро, кадом ватанро ва барои чӣ?»
Оё одами боақлу солимфикр чунин менависад? Асло не! Инро нафаре мегӯяд, ки худ рондашудаи Ватан, беватан аст!
Ҷойи дигаре кӯрбинона тасаввур кардааст, ки «Ба чаҳор подшоҳ маълум ва ҳеҷ касеро пӯшида нест, ки аксарияти аҳолии Чоркӯҳ, ки беш аз 40 ҳазор аст ва низ мардуми Ворух, ки аз деҳоти пурҷамъияти Исфара маҳсуб меёбанд, пайравону аъзои ҲНИТ мебошанд»???
«Ҷаноб»-и Муҳаммадиқболи Садриддин аз “хобби ширин» бедор шав!
Вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии Тоҷикистон, аз ҷумла Чоркӯҳу Ворухи Исфара комилан дигар аст, на он гунае, ки дар хобат тасаввур мекунӣ! Баъд аз он, ки раисат Муҳиддин Кабирӣ пешакӣ дороишро аз кишвар берун карда, тақдири аъзоёнашро ба Худо супорида ба хориҷа гурехт, эътиқоди онҳо аз ӯву ҳизбаш батамом гашт, дигар на ТТЭ ҲНИ ҳасту на пайраву аъзое..!
… Ҳамин зайл, муаллиф, ки ҳатто боре дар Исфара набуда ва чандин солест чоплусонаю косалесона дар хидмати хоҷагони хориҷии худ қарор дорад, куҷо дидаву донад, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Исфара таваҷҷуҳи хоса ва ба мардуми он эҳтироми баланд доранд. Аз соли 2012 то инҷониб ба шаҳри Исфара 5 маротиба сафари корӣ доштанд ва ташрифи моҳи июл ба шаҳри Исфара, аз ҷумла ба деҳаи Ворух ва маҳз дар хати сарҳад якҷоя бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон суҳбату мулоқоти бо мардум анҷомдодаашон гувоҳи таваҷҷӯҳи хоса доштани Пешвои миллат ба ин сарзамин мебошад.
Ӯ огаҳӣ надорад ва ҳатто тасаввур кардан наметавонад, ки мардуми мо ба Пешвои худ то кадом андоза боварию эҳтирому эътиқоди баланд доранд, дар атрофи Сарвари давлати худ куллан муттаҳиду сарҷамъ ҳастанд!
Ӯ дар ин навишта ҳамчунон бо нигоҳи каҷбинонаи хостааст ба сиёсати кадрии роҳбарияти давлат дахолат ва ҳукумати моро сиёҳ кунад.
Ҳол он, ки роҳбарони собиқу имрӯзаи шаҳр, аз ҷумла Раҳмоналӣ Амирзода, Даврон Зоҳидзода, Дилшод Расулзода ва раиси имрӯзаи шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, ки ҳадафи муаллиф ғаразмандона сиёҳномкунии ӯст, ҳар яке дар ободонию пешрафти Исфара саҳмгузор ҳастанд ва мардум аз фаъолияти босамари ҳар яки онҳо қаноатманду розӣ ҳастанд.
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара ба мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва роҳбарони он ҳамчун ба муҳофизони Ватан ва ҳомиёни тартиботу амну осоиши худ эҳтироми зиёд доранд.
Мардуми кӯҳистони мо, аз ҷумла сокинони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ аз азал бо ору номусу соҳибмаърифатию ҷавонмардии худ маъруфият доштанд ва кадомин як қаламкаши сияҳкоре наметавонад бо сиёҳномаҳояш, бо сафсатагӯиву фитнаангезиҳояш мафкураи онҳову фарзандонашонро олудаю дигаргун созад!
Ӯ дар ин навиштааш кормандони комиссариати ҳарбӣ, муовини раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар маҷмӯъ аъзоёни ситоди даъватиро ба гирифтани пора, имомхатибонро ба ҷамъоварии маблағ аз намозгузорон бидуни асос мутаҳҳам ва бадном карданист, ки ин амали ӯ таҳқири рӯирост ва бешарафона паст задании обрӯю эътибори мост. Аммо, чун софдилона дар асоси ҷамъиятӣ мо низ дар адои хизмати Модар — Ватан ҳастем, чунин меҳисобем, ки бо нафаси нопоки чун ӯ будагон оби поки ҷӯй ҳаром намешавад!

Аъзоёни ситоди шаҳрии
даъвати ҷавонон ба сафи
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *