ТАБИБОНИ ИСФАРА БА КӮМАКИ ПАХТКОРОНИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ РАФТАНД…!


Ибтидо аз субҳидами 05 октябри соли 2019 беш аз 30 нафар кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ташаббус ва иқдому раҳнамоии сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин Мухамедов ба хотири дастгирии пахтапарварони ноҳияи ҳамсоя ба Кооперативи истеҳсолию тиҷоратии ба номи Зоҳирҷон Шарипов сафари корӣ доштанд.
Бино бар маълумоти расида кормандони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҳар яке аз 44 то 77 кг пахта ҷамъоварӣ ва саҳми назарраси худро дар ғанигардонии хирмани пиллаи сафеди вилоят гузоштанд.
.