Маҷлиси фаъолони шаҳр

Маҷлиси фаъолони шаҳр

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2019 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.
Дар кори он муовинони раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.
Сароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми 9 моҳи соли 2019 муовини Раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода гузориш пеш овард.
Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара давоми 9 моҳи соли 2019 тамоми имконияту захираҳои худро барои таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллū, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуд ва дар натиҷа рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин гардид.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 89,5% ва буҷети маҳаллӣ 92% иҷро гардида, дар маҷмӯъ ба буҷет мутаносибан 93 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ва 57 миллиону 838 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 273,6 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 миллион сомонӣ кам буда, суръати афзоиш ба 98,5% баробар гардид.
Давоми 9 моҳ содироти молу маҳсулот 4 миллиону 534 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 771 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 302,2 миллион баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,3 фоизро ташкил намуд.
Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоудин аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, оид ба раванди иҷрои нақшаи андоз, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, пардохти саривақтии нафақапулиҳо, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида, иҷрои талаботи Стратегия оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, обуна ба нашрияҳои даврӣ пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини рушди соҳаҳо, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд.
Минбаъд муовини раиси шаҳр Оятулло Раҳматзода пешниҳоди прокурори вилояти Суғдро оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда зимни иҷроиши “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру деҳоти Исфара қироат намуд ва он мавриди баррасии амиқу ҳамаҷонибаи ширкатдорони ҷаласа қарор гирифт.
Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд.
Дар маҷлиси фаъолони Исфара намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода ширкат ва суханронӣ намуд.