КӮРШАПАРАК ВА ЧЕҲРАИ ОФТОБ

Мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддинро дар сомонаи интернетии isloh.net таҳти унвони “Гаравгонгирии мақомот дар Чоркӯҳ ва Ворух” мутолиа намудаму ба сӯхтану сохтанҳо ва ватанпарастиву ватанхоҳии ӯ ва хайрхоҳонаш ҳайфам омад. Ростӣ, об, нон, ҳаво, замин, намак, офтобу маҳтоб, осмону ситораҳои Ватан ба ӯ ва ҳаммаслаконаш ҳайфу ҳаром аст. Аз мақолаи пур аз туҳмат, пур аз бухлу ҳасуд, пур аз кина ва ҷудоиандози ӯ латифаи кӯтоҳаке бо номи “Як бому ду ҳаво” ба хотирам расид:

“Кампираке нисфишабӣ болои боми оғилаш баромад. Он ҷо дар ду канори бом ду ҷойгаҳ буд. Дар яке писару келинаш, дар дигаре духтару домодаш мехобиданд. Кампир сари болини духтару домодаш омада мебинад, ки онҳо аз ҳам ҷудо хобидаанд. Онҳоро такон дода мегӯяд:

— Фарзандонам! Нисфишабӣ ҳаво сард шудааст, якдигарро ба оғӯш гирифта хобед, то сармо нахӯред!…

Баъди ин ба сари болини писару келин меояд. Мебинад, ки онҳо дар оғӯши ҳамдигар масти хобанд. Онҳоро ҳам таккон дода мегӯяд:

— Ҳаво хеле гарм аст, аз ҳам ҷудо хобед, то дар оғӯши якдигар буғӣ нашавед!…

Воқифи асрор ин манзараро дида мегӯяд: “Аҷабо, як бому ду ҳаво”.

Бале, солҳои пешин бо иғво, дастур, раҳнамоӣ ва хизмати хирсонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва ӯ барин нохалафони миллат ва косалесони хоҷагони хориҷӣ аз Чоркӯҳу Ворух, дар ҳақиқат, ҷавонон аз хизмати Ватан-модар сарпечӣ менамуданд. Қиссаи дар каҳдону анбор, заминкану оғил руст шудани онҳо ҳама ҷо афсона шуда буд. Ин кирдору рафтори онҳо дар сари минбарҳои гуногун боиси интиқоди шадид қарор мегирифт. Тамоми қишри ҷомеа аз пайи ислоҳи ин иллат буданд.

Корзори созандагии Ватан, тантанаи падидаҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, раванди бебозгашти худшиносию худогоҳӣ худ чун муъҷиза чашми мардумро, алалхусус, ҷавононро боз намуд. Онҳо баъди сукуту қиёси зиёд, оқибат дарк намуданд, ки ғамхори миллат кисту душмани миллат кист.

Имрӯз, хушбахтона, ду даъват аст, ки баҳодурписарони Чоркӯҳу Ворух дар адои хизмати Ватан-модар дар сафи пеш истодаанд. Ин корномаи номусу нанг чӣ бадӣ дорад, ки чун хор ба чашми нотавонбинон мехалад. Аҷабо! Чанд сол боз мардуми Чоркӯҳу Ворухро барои сарпечӣ аз хизмати Ватан мутаҳҳам мекарданд, имрӯз бошад, барои аз ҳама пеш ба хизмати Ватан рафтан коҳиш карда, чӣ афсонаҳоеро дар корхонаи дурӯғи худ бофта мебароянд. Душманони бешараф бо ақидаю ғояҳои таҳмилии худ чӣ мақсад доранд?! Мақсади онҳо чун рухи оина равшан аст. Ҷудоиандозӣ ва аз сари нав барпо намудани иллати маҳалгароӣ!

Имрӯз дигар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Хуҷанду Хатлону Вахшу Ҳисору Помир қисмат намешавад. Ҳама ҷойи Тоҷикистон ватани ҳар як тоҷик аст. Имрӯз мафҳуми Ватан дигар танг нест, балки беканор аст. Мардум дарду доғҳои маҳалгароиро дар солҳои 90-ум хеле хуб дарк намуд, ки он дигар садсолаҳо аз хотираш намеравад. Ба Исфара раиси шаҳр таъин шудани Раҳмоналӣ Амиров ва Сиҷоуддин Саломзода ба ҷуз суди зиёд ягон иллате дар пай надошту надорад. Ин амал боиси фахри ҳамагон аст. То ҳол пиру барно аз иқдоми наҷибу ташаббусҳои созандаи Раҳмоналӣ Амиров, ки ба ҳусни шаҳру деҳоти Исфара ҳусни нав бахшидааст, мегӯянду имрӯзҳо аз созандагию ташаббусҳои Сиҷоуддин Саломзода меболанд. Касе имрӯз дар маҷлису маъракаҳо, кӯчаю мактабу масҷидҳо ба ҷуз васфи одаму одамгарӣ ва садоқату ватандӯстии сардорони ШВКД Исфара-1, Исфара-2, сардори шуъбачаи КАМ Чоркӯҳ Қурбонов С, муовинонаш Исфандиёру Фирӯз ҳарфи баде нагуфтаасту намегӯяд ҳам. Зеро онҳо ба ҷуз ҳимояю таҳкими шаъну шарафи ҳар як тоҷик фикри дигаре надоранд. Заҳмати шабонарӯзии онҳо ба хотири афзун намудани неъматҳои истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ аст.

Такрори сиёсати фашистони немисро мардуми мо дар солҳои 90-ум дар аъмоли душманони миллат дида буд, на ҳоло дар Чоркӯҳу Ворух, ки Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд. Ин даъват, ки 50 нафар баҳодурписарони Чоркӯҳ ба хизмат рафтанд, хеле осон гузашт. Рӯзи гусел ҳазорон пиру барно онҳоро бо дасти дуо гуселониданд. Ба дари хонаи касе коргарони милитсия, амният, суду прокурор нарафтаанд. Ҳама бо тариқи фаҳмондадиҳӣ ҳанӯз моҳи август омодаи хизмат буданд.

Дар деҳоти Чоркӯҳу Ворух ягон вақт бархӯрди шадиди мардум бо милитсия ва кормандони КАМ нашудаасту шуданӣ ҳам нест. Зеро мардум ба хубӣ, бо тамоми имону виҷдон дарк намудаанд, ки ин ниҳодҳо ҳимоягари ҳуқуқҳои шаҳрвандии онҳост.

Мардуми шарифи Чоркӯҳи бостонӣ якроҳу якрӯ аст. Ба қавле, ин мардум “туфи кардаашро дигарбора ба даҳан намегирад.” Иқрор мешавам, ки то соли 2015 ин ҷо лонаи аслию ботлоқи таассуб ва ҲНИТ буд. Пас аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2013 ва ҷӯшу хурӯши бунёдкориҳо ва баҳои ҳаққонии Сарвари давлат чашми ин мардум боз шуд. Чоркӯҳиён сиёҳро аз сафед қиёс намуданд. ҲНИТ-ро якборагӣ ба умқи мағоки таърих дафн намуда, онро чун ҳизби террористӣ аввалин шуда манъ намуданд. Дигар даъвои Муҳаммадиқболи Садриддин ва “хайрхоҳонаш” дар бораи саросар ба артиш ба таври маҷбурӣ фиристонидани фарзандони собиқ аъзои ҲНИТ ҳарфи ботил аст. Ӯ бо ин иғвои бешармонаю бешарафонааш аз хоҷагони хеш чӣ подоше мегирифта бошад?!

Деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ дар Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд. Онҳо як гӯшаи хоки муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ин сарзаминҳо ба майдони илму адабиёти миллат фарзандони бузургу номбардор додааст. Ин ду деҳотро ба ихтиёри давлати ҳамсоя супурдан дурӯғи маҳзи Муҳаммадиқболи Садриддин ва корхонаи туҳмату буҳтони онҳост. Ҳар як ваҷаби марзу буми Ватан барои тоҷики бедордили ин деҳаҳо дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муқаддас аст. Дар урфият мегӯянд, ки “гурбаро бозию мушро ҷонканӣ.” Ба ҷойи туҳмату иғво, агар муаллифи мақола — Муҳаммадиқболи Садриддин мисли сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев барои номуси миллат, даъвати ҷавонон ба Артиши миллӣ месӯхт, сафи дӯстдорони кишвар зиёд мешуд.

Замоне фаро мерасад, ки кулли мардуми Тоҷикистон ба ҳусни беҳамтои осоишгоҳи “Зумрад” мафтун мегарданд ва аз китоби бунёдкориҳои Сиҷоуддин Саломзода ва масъулини имрӯзаи осоишгоҳ бо некӣ ёд меоранд. Аминам, ки ҳусни рӯзафзуни Ватан, чеҳраи боғурури фарзандони ватанпараст, бунёдкориҳои фарзандони фарзонаи миллат ва тантанаи сулҳу ваҳдат, инчунин қомати боҳашаммати осоишгоҳи “Зумрад”-ро дида, рӯзе Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамдастону хоҷагони фирорияш шарм медоранд. Аз нотавонбинии худ аз байни ҷомеа ба канор партофта мешаванд. Зеро мегӯянд, ки пари кӯршапараки бечора ҳаргиз чеҳраи офтобро гирифта наметавонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *