Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кор ва будубоши чинакчиёни исфарагӣ

Ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи кор ва будубоши чинакчиёни исфарагӣ дар саҳроҳои пахта раиси шаҳри Исфара ва кормандони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ин ҷо шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳамроҳонаш дар роҳбаладии раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор, ки дар он ҷо намояндагони шаҳру деҳоти Исфара машғули пахтачинӣ ҳастанд, боздид ба амал оварда, бо аҳли саҳро мулоқот ва суҳбатҳо анҷом доданд ва бо шароити зисту меҳнати ҳашарчиён аз наздик ошно шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавриди таъмини ҳашарчиёни исфарагӣ бо ҷои хуби хоб, шустушӯй, истироҳат ва таомхӯрӣ аз ҷониби роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои мушаххас андешуда шудаанд.
Фурсати фориғ аз пахтачинӣ ба ҳашарчиён кормандони бахши фарҳанги шаҳри Исфара барномаи зебову ҷолиби консертӣ пешниҳод намуданд.
Бино ба иттилои директори маркази технологияи иттилоот ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Исфара Иброҳимҷон Болтаев имрӯзҳо дар саҳроҳои хоҷагиҳои пахтакори деҳоти Қаҳрамон, Еттитеппа ва Ғудози ноҳияи Ашт таҳти роҳбарии сармутахассиси идораи кишоварзӣ Ҷанобиддин Болтаев беш аз 120 нафар намояндагони соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бонкдорӣ ва маорифу тандурустии шаҳри Исфара ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба деҳқонон кумак мерасонанд.
Ҳашарчиён ҳамарӯза бо таоми гарм ва шароитҳои созгори меҳнату истироҳат таъмин буда, пизишк Нурмуҳаммад Тӯраев дар самти ҳифзи сиҳатии онҳо корбарӣ мекунад.
Исфарагиҳо давоми панҷ рӯзи охир дар маҷмӯъ ба хирман беш аз 20 тонна тиллои сафед рехтаанд.