Дар Кохи фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

    Дар Кохи фарҳанги шаҳр ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

бо ширкати раиси шаҳр, муовинони ӯ, роҳбарону кормандони масъули мақомоти иҷроия, ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, сарварони муассисаҳои маориф, собиқадорони соҳа ва намояндагони васоити ахбори омма ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва ҳайти ҳамроҳонашро дар саҳни Кохи фарҳанг ғолибони олимпиадаҳо ва гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раисони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, инчунин толибилмони санъатдӯст бо суруди умумӣ таҳти унвони «Идат муборак, омӯзгор» гарм пазироӣ намуданд.
Нахуст маросими ба ғолибони олимпиадаҳо ва гирандагони стипендияҳои Президентӣ ва идрорпулиҳои раисони вилоят ва шаҳр тақдими туҳфаҳои идона сурат гирифт.
Дар ошёнаи якум намоиши дастранҷи аҳли маориф ва дар ошёнаи дуюм дастовардҳои 12 нафар муаллимони эҷодкор ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни баромад таҷлили Рӯзи омӯзгоронро нишони садоқат ва арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое арзёбӣ намуд, ки дар ҷомеа ҳамчун равшангари қалбҳо, қулфкушои махзани илм, раҳнамои фатҳи қуллаҳои пурсаодати зиндагӣ шинохта шудаанд.
Мавсуф таъкид дошт, ки дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 90 иншооти таълимӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
Дар раванди маъракаи бунёдкории соли равон сохтмони бинои иловагии таълимӣ барои 480 ҷойи нишаст (дар ду баст) дар муассисаи таҳсилоти умумии №23, сохтмони мактаби нав барои 720 ҷойи нишаст (дар ду баст) дар маҳаллаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Ворух, сохтмони толори варзишӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №24-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Бо иқдоми соҳибкорон ва кумитаи падару модарон сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №55-и ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №72, варзишгоҳҳои хурди замонавии футбол дар муассисаҳои таълимии №18-и ҷамоати деҳоти Шаҳрак ва №46-и ҷамоати деҳоти Хонобод, бунёди 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳоти Кӯлканду Чоркӯҳ ва шаҳр идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Исфара 115 муассисаи таълимиву тарбиявӣ, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи тиббии Исфара, литсейҳои касбӣ-техникии шаҳракҳои Нефтободу Шӯроб инчунин Хонаи бачагони шаҳраки Шӯроб ва Мактаб -интернати махсуси бачагони чашмонашон нобино ва қувваи босираашон суст дар самти тарбияи насли навраси ҷомеа фаъолияти густурда ва босамар доранд.
Дар 83 муассисаи таълимӣ 3193 нафар омӯзгорон таълиму тарбияи 49 ҳазору 424 нафар толибилмонро бар дӯш доранд.
Ҳамасола ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шудани сеяки хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ ба гирифтани 82 ҷойи ифтихорӣ ва 6 адад Ифтихорнома, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба дарёфти 34 ҷойи ифтихорӣ, дар олимпиадаи байналхалқӣ ба дарёфти 1 ҷойи аввал мушарраф шудани толбилмони муассисаҳои шаҳру деҳоти Исфара худ аз заҳмати софдилонаву садоқатмандонаи муаллимон ба хубӣ бозгӯӣ мекунад.
Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов Саъдуллоҷон табрикоти Раиси вилояти Суғдро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон қироат кард.
Дар фарҷоми қисмати расмии ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раёсати маорифи вилоят супорида шуданд.
Барномаи зебои фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *