Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ

Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди бунёдкориву созандагӣ босуръат идома дорад.
Бино ба иттилои раиси ҷамоат Шукруллохон Насриев имрӯзҳо бо саҳми сокинон ва нафарони саховатманд дар ҷабҳаи васеъ таъмир ва мумфаршкунии роҳҳои ҳудуди деҳа идома дорад. То имрӯз дар маҳаллаи Қаҳҳор Маҳкамов (собиқ Чақар) умури мумфаршкунии роҳ асосан ба анҷом расидааст. Дар ин ҷо 500 метр роҳро таъмири куллӣ кардаанд. Дар маҳаллаи Лангар аз 3 километри нақшавӣ то имрӯз дар 2 километр асфалти гарм хобонида шудааст. Дар маҳаллаи Хелесон бошад, раванди мумфаршкунӣ ба тозагӣ оғоз ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки чанд рӯз пештар дар деҳа бо ширкати раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ҳамоми замонавие мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Савриддин Раҷабов бунёд гардидааст.
Дар ҷараёни ифтитоҳи расмии ҳамоми тозабунёд шаҳрдори Исфара бо шарту шароити барои мизоҷон дар он фароҳамовардашуда ошно гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамоми мазкур аз ҳуҷраҳои умумӣ ва алоҳидаи шустушӯй, буғдор ва ҳавзҳо иборат буда, дар он дар як вақт метавонанд то 60 нафар шустушӯй кунанд.
Саломзода Сиҷоуддин ба ташаббускорони ин иқдоми нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳар нафар бояд дар маъракаи бузурги ободонии Ватан ба қадри тавон ҳиссагузорӣ намояд.