Ба ифтихори солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи оянда дар саросари кишвар ботантана қайд карда мешавад, дар ҶСШК «Корхонаи кимиёвӣ» байни дастаҳои коргоҳ мусобиқаи анъанавӣ оид ба футбол оғоз гардид.
Дар маросими расмии ифтитоҳи қувваозмоӣ директори генералии корхона Субҳоналӣ Миристоев баромад карда, бо баробари таҳнияти ҳозирин ба муносибати чорабинии шавқовар ва муфид ва таманниёти нек ба иштирокчиёни он, оид ба аҳамияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои солимии ҳар фард ва дар маҷмӯъ барои солимии ҷомеа изҳори назар кард.
Бино ба иттилои раиси иттифоқи касабаи «Корхонаи кимиёвӣ» Салимҷон Усмонов мусобиқаи мазкур то санаи 16-уми ноябр, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор мегардад ва дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои арзишноки маъмурият ва иттифоқи касаба сарфароз гардонида хоҳанд шуд.