Дар шаҳри Исфара дар рӯзи аввалини маъракаи даъвати ҷавонон

Дар шаҳри Исфара дар рӯзи аввалини маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо доирнамоии маросими пуршукӯҳи сафарбарсозии беш аз 260 нафар наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи муқараргардида башорат доданд.
Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ, ки бо ширкати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, хизматчиёни қисмҳои низомӣ, собиқадорон, волидайн, омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ доир гардид, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба даъватшавандагон роҳи сафеду хизмати бобарорро таманно намуда, бо баробари таъкиди муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт будани хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тазаккур дод, ки Ватани мо, зану фарзанд, падару модари мо ва тифлони маъсуми дар гаҳвора будаи моро ғайр аз мо каси дигар ҳимоят нахоҳад кард.
Чанде аз падару модарон барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватанпарварӣ бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
Минбаъд дар назди ҳозирин сарбози ба тозагӣ аз хизмати ҳарбӣ баргашта Мирзомуҳаммад Раҳимов, модари яке аз даъватшавандагон Ашӯрхон Ахмедова ва раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ баромадкарда, бо баробари ба наваскарон орзу намудани хизмати содиқонаву сарбаландона, тазаккур доданд, ки имрӯзҳо шароити буду боши хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ пайваста дар мадди назари Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ шароити мусоиди ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои хизмати ҷавонон муҳайё карда шудааст.
Фарҳод Муҳаммадиев аз номи тамоми даъватшавандагон ҳозиринро бовар кунонид, ки ӯ ва рафиқонаш бо адои сарбаландонаи хизмати Ватан — Модар муҳаббату садоқати худро ба Ватану сарзамин ва таъмини амнияту оромии кишвар собит месозанд.
Дар анҷом ба ифтихори гусели наваскарон аз ҷониби кормандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи фарҳангии саршори садоқат ва вафодорӣ ба Ватан манзури ҳозирин гардонида шуд.