Сардори Шуъбаи 1-уми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара

Сардори Шуъбаи 1-уми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара генерал майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти Шаҳрак вобаста ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва баргардонидани нафарони аз гумроҳӣ ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи мамолики Шарқи Наздик кашидашуда, парҳезгорӣ аз тақлиди ноҷо ба маданияти либоспӯшии ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, зарурати шукрона овардан ба давлати соҳибистиқлолу фазои осудаву ором, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва даъвати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуд.
Генерал майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ зимнан бо маъние тазаккур дод, ки дар самти таъмини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва некӯаҳволии мардум сароғоз бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Товкистон, ки мақсаду мароми ягонаашон фароҳам овардани зиндагии шоиста ба шаҳрвандон аст, сарҷамъу муттаҳид бошем.
Таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, дар ниҳоди онҳо ҷой додани эҳсоси меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда, шукрона овардан ба зиндагии ободу озод, ҳифз ва афзун намудани дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгирии фаъолона дар шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз вазифаи аввалиндараҷаи мо бошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин комиссари ҳарбии шаҳр полковник Амирҳамза Авазализода вобаста ба корҳои ба сомон расониашуда ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Исфара «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2019 шаҳрвандони соли таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ», ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Исфара баромад намуд.
Чанде аз ширкатдорони мулоқот низ дар алоқамандӣ бо масъалаҳои баррасишаванда фикру андешаҳояшонро иброз доштанд. Ҷаласаро раиси ҷамоати деҳоти Шаҳрак Мубашира Мирзохоҷаева бо изҳори миннатдорӣ ба меҳмон барои суҳбати доманадори муфид ҷамъбаст кард.