МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, РАИСИ МУҲТАРАМИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОРУХ МЕҲРИНИСО РАҲМАТОВА!

Барои мо мояи ифтихор аст, ки яке аз бонувони соҳибназар ва ватандӯсту ватандори Исфара раиси ҷамоати деҳоти Ворух, Меҳринисо Раҳматова аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудаанд.

Меҳринисо Раҳматова аз ҷумлаи занони барӯманди шаҳр аст, ки бо ақлу заковати комил, ҳунару маҳорат ва лаёқати баланди сарварии худ роҳбарии ҷамоати деҳоти наздисарҳадии Ворухро муваффақонаю ӯҳдабароёна, бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва азму нияти созандаю бунёдкорона пеш мебарад ва баҳри ободонии деҳаи Ворух ташаббускорона ва бо шарофати соҳибтадбириаш, ҳамарӯза ва самаровар саъю кӯшиш дорад.
Ҳамарӯза бо халқ ва дар байни халқ аст ва дар байни мардум аз обрӯю эътибору эҳтироми баланд бархӯрдор аст.
Самимона муборакбодаш мегӯем.
Ҳамеша сарсабзу сарбаланд ва комёбу муваффақ бошед, Раисаи гиромиқадр!