МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, БАРОДАРИ АЗИЗ ШЕРАЛӢ МИРИСТОЕВ!

Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, ба сарвари кулли ҶДММ “Баракат – Исфара” Шералӣ Миристоев “Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро супориданд.

Ҷойизи зикр аст, ки Шералӣ Миристоев яке аз шахсиятҳои барӯманду соҳибэҳтироми шаҳр, собиқадори соҳаи кооператсия ва айни замон директори иҷроияи Корхонаи муштараки Баракат – Исфара” ҳастанд, ки дар самти ҷавобгӯйи бозор ва стандартҳоии ҷаҳонӣ коркард ва банду баст кардани меваи хушк сари кор дошта, маҳсулоташ асосан ба хориҷи кишвар – Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Аврупо содир карда мешавад.
Ҳамзамон ин марди накӯкору ва фарзандони хайрандешаш ҷиҳати ободонии шаҳр ва саҳлгардонии мушкилоту муаммоҳои шахсони камбизоату ниёзманд ҳамарӯза саҳми бузург доранд.
Мукофоти давлатӣ муборак, бародари азиз!