Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Исфара

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Исфара машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони соҳаи маориф аз бурду бохтҳои як соли сипаришудаи худ натиҷабардорū намуда, вазифаҳоро барои соли хониши нав муайян карданд.
Нахуст ширкатдорон аз намоиши дастранҷи мактабиён ва аъзои маҳфилхои ҳунармандони наврас, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд.
Сардори раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидзода оид ба фаъолияти раёсати маорифи шаҳр дар соли таҳсили 2018-2019 ва вазифаҳо барои соли хониши нав маърӯза кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси шаҳри Исфара 85 адад муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 73 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 литсей, 1 мактаб-интернати махсус барои бачаҳои қувваи босираашон суст ва зарир, 1 мактаби хусусӣ ва 1 хонаи бачагон фаъолият доранд, ки дар умум 48 ҳазору 900 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия фаро гирифта, ба онҳо 3 ҳазору 214 нафар омӯзгорони соҳибтахассус таълим медиҳанд. Имсол аз 3346 нафар хатмкунандагони синфи 11 ва хатмкунандагони солҳои қаблӣ 2100 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супориданд. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ 1210 нафар шогирдони мактабҳои Исфара, аз ҷумла 508 нафар духтарон соҳиби номи баланди донишҷўй гаштанд.
Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли таҳсили гузашта 34 нафар хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр иштирок намуда, соҳиби 18 медал ва Ифтихорномаи вазорати маориф гардиданд.
Дар музокира сарвари литсейи рақами 3 Абдураҳмон Шораҳматов баромад намуда, бобати пешбурди кори таълиму тарбия мулоҳизаҳои судманд баён дошт.
Намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Акрам Аслонов зимни баромади хеш ба насли наврас ҳамарӯза талқин намудани зарурати гиромидошти ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ ва муҳаббат ба Ватан — модарро омили пойдории давлату бақои миллат ва зиндагии хушбахтонаву рўзгори хуррами наслҳои имрўзу оянда арзёбӣ намуд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар навбати худ таваҷҷӯҳи аҳли маорифро бештар ба масъалаҳои ободонū ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимū, баландбардории сатҳи тахассуси омӯзгорон, таъмин намудани самаранокии раванди таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистū, ҳамчунин риояи қатъии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб кард.
Дар фарҷоми машварат ба як қатор кормандони соҳаи маориф сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Барномаи ҷолиби фарҳангии устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ ва санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр анҷомбахши чорабинū гардид.