АРЗАНДАВУ ШОИСТАЕД, МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК, АБДУЛМУМИН ҲАЛИМОВ!

29 август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, ба директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» Абдулмумин Ҳалимов мукофоти давлатӣ – ордени “Шараф” дараҷаи II супориданд.
Амалиёти густурда ва бесобиқаи созандагию бунёдкориро дар Ҷамъияти саҳҳомии “Зумрад” бояд махсус қайд намоем, зеро муассиси он ва ҳам маъмурияти Осоишгоҳи Зумрад, ки сарварии онро роҳбари ташаббускору масъулиятшинос вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара Абдулмумин Ҳалимов ба зимма дорад, баҳри таъмини иҷрои супоришу дастуроти муҳтарам Пешвои миллат дар ин самт иқдомоти зиёдеро рӯйи кор овардаанд ва симои ин осоишгоҳи овозадор ба куллӣ дигар гаштааст.
Айни замон дар ин осоишгоҳи маъруф сохтмони бинои нави нӯҳошёна барои 640 нафар истироҳаткунанда босуръат ва ҷавобгӯй ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир ҷараён дорад.
Дар шафати он бунёди ҳавзи шиноварии болопӯшида, амфитеатр, бино барои дилхушии ҷавонони шаҳр ва дар даромадгоҳҳои осоишгоҳ сохтмони маркази ташхисию табобатии ҳозиразамон, 3 бинои панҷошёнаи ташхисию табобатӣ тибқи нақша сурат мегиранд.
Бо мақсади таъмини табобатгирандагон бо маҳсулоти тару тоза, ширу гӯшт ва тухм гармхонаҳои замонавӣ, фермаҳои ширию молӣ барои 100 сар модагов ва мурғпарварӣ барои 47000 парранда сохта ба истифода дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, то соли оянда дар осоишгоҳи “Зумрад” барои истироҳати 1200 нафар шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гашта, 300 нафар аҳолии бешуғли маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин карда хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки саҳму нақши Абдулмумин Ҳалимов дар сарсабзу ободгардонии ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳрак, ки аз ин ҳавза вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара интихоб гардидааст, басо калон буда, садҳо нафар шахсони камбизоату ниёзманд аз кӯмаку дастгириҳои арзишманди моддию маънавии мавсуф бархӯрдор гаштаву аз ӯ сидқан сипосгузоранд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат бо мукофоти давлатӣ қадршиносӣ гардидани фаъолияти босамар, амалҳои созандаю бунёдкоронаи Абдулмумин Ҳалимовро сокинони шаҳр ва ҳайати кормандони Осоишгоҳи Зумрад бо хушнудиву ифтихор истиқбол доранд.
Арзандаву шоистаед, мукофоти давлатӣ муборак!