Таҳти раёсати Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин маҷлиси васеъ доир гардид

Сароғоз масъалаи тағйироти кадрӣ баррасӣ гардид, ки қисмати аввали онро мудири шуъбаи кор бо кадрҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода муаррифӣ намуд. Номбурда ба ҳозирин муовини тозаинтихоби раиси шаҳр Раҳматзода Оятулло Муҳиддин оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро ошно кард. Зикр намуд, ки бо пешниҳоди Раиси шаҳри Исфара ва ҷонибдории Раиси вилоят бо розигии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номбурда ба ин вазифа таъин гардидааст ва изҳори боварӣ намуд, ки Раҳматзода Оятулло Муҳиддин баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи Исфара кӯшишҳо ба харҷ хоҳад дод.
Дар навбати худ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар баробари таҳният ва вазифагузориҳо дар назди муовини нав инчунин кадрҳои тозатаини дигарро низ муаррифӣ кард.
Аҳмедов Сарвар, мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдо иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Сурх ва Назаров Солиҷон раиси ҷамоати деҳоти Лаккон, Ҷӯраева Гулафзо ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара интихоб шудаанд.
Сипас маҷлиси васеъ ба баррасии дигар масъалаҳои рӯзнома пардохт. Пешниҳодҳои прокуратураҳои генералӣ ва вилояту шаҳрро сардори раёсати молия Бобохонзода Башорат оид ба рафти ҷамъоварии андоз ва иҷроиши он ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла дар пешниҳодҳои мазкур зикр шуда буд, ки дар ҳафт моҳи соли равон аз 11 намуди андоз 9 намуди он иҷро нашудаасту нақшаи иҷрои ҳафт моҳа ҳамагӣ 90 фоизро дарбар мегирад. Сабаби иҷро нашудан аз ҷониби андозсупорандагони он пардохт карда натавонистани маблағҳои ба андоз пешбинишуда мебошад.
Вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, раванди тайёрӣ ба таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки дар деҳоти Лаккон таҷлил мегардад, оид ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён маълумот дод.
Оид ба раванди омодагиҳо ва корҳои созандагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бошад, раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин изҳори нигаронӣ намуда, дар назди роҳбарони ташкилоту муассисаҳо вазифагузориҳои ҷиддӣ намуд.
Ҳамзамон дар раванди маҷлиси васеъ ба масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, рафти бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ, ҷавобгӯйи талабот будан ё набудани варзишгоҳҳои хурд ва ҷудо намудани муҳлати ройгон барои бачаҳо дар ин гуна варзишгоҳҳо дахл карда шуд.
Дар баробари пурсиши қотеъ аз масъулин дар мавриди масъалаҳои баррасишуда раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бори дигар аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафти Исфара, ҳамчун як гӯшаи Тоҷикистон саҳмгузор бошанд, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд, ҷавононро дар рӯҳияи ватандориву меҳанпарастӣ ба камол расонанд ва омодагӣ ба зимистону таъмиру тармими муассисаҳои таълимиро дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонанд.