ИСФАРА. ТО СОЛИ ОЯНДА ДАР ОСОИШГОҲИ ОВОЗАДОРИ “ЗУМРАД” БАРОИ ИСТИРОҲАТИ 1200 НАФАР ШАҲРВАНДОН ШАРОИТ ФАРОҲАМ ОВАРДА ХОҲАД ШУД.

Айни замон дар ин осоишгоҳи овозадор сохтмони бинои нави нӯҳошёна барои 640 нафар истироҳаткунанда босуръат ва ҷавобгӯй ба талаботу меъёрҳои стандарти муосири курортӣ ҷараён дорад.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни муборакбодии табибон амалиёти густурда ва бесобиқаи созандагию бунёдкориро дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи“Зумрад” махсус қайд намуд, ки муассис ва маъмурияти осоишгоҳ баҳри таъмини иҷрои супоришу дастуроти Пешвои миллат дар ин самт аллакай иқдомоти зиёдеро рӯйи кор овардаанд.
Айни замон дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунон бунёди ҳавзи шиноварии болопӯшида, амфитеатр, бино барои дилхушии ҷавонони шаҳр ва дар даромадгоҳҳои осоишгоҳ сохтмони 3 бинои панҷошёнаи ташхисию табобатӣ ва иншоотҳои дигари осоишгоҳӣ тибқи нақша сурат мегиранд.
Бо мақсади таъмини табобатгирандагон бо маҳсулоти тару тоза, ширу гӯшт ва тухм гармхонаҳои замонавӣ, аллакай фермаҳои ширию молӣ барои 100 сар модагов ва мурғпарварӣ барои 47000 парранда сохта шудааст.
Дар маҷмӯъ, то соли оянда дар осоишгоҳи “Зумрад” барои истироҳати 1200 нафар шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гашта, 300 нафар аҳолии бешуғли маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ таъмин карда хоҳанд шуд.