ИСФАРА: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ КАСБИИ ТАБИБОН ДАР ЧОРКӮҲ

ё худ пиромуни он, ки Беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳ бо азму нияти неки 2 бародари хайрандеш ободӣ меёбад…

Тантанаи идонаи кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Исфара чун соли пешин на дар толорҳои бошукӯҳи маркази шаҳр, балки дар саҳни Беморхонаи минтақавии №2-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва боз ҳам бо чанд рӯйдоди хушоянду хотирмон, ки паёке аз ободкориҳост, сурат гирифт.
Яке аз рӯйдодҳои хушоянд дар саҳни беморхонаи ин деҳоти наздисарҳадӣ парафшон гардидани Парчами давлатии Тоҷикистон дар сутуни баландиаш 25-метра аст, ки дар дилу дидаи ҳар як пиру барнои сокинони шаҳрамон, алалхусус насли ҷавону наврас меҳри Ватанро афзун мегардонад.
…Ва дигаре мавриди баҳрабардории ниёзмандон қарор дода шудани бинои ба тозагӣ, бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ куллан таъмиру азнавсозиёфта ва муҷаҳҳазкардашудаи шӯъбаи бачагонаи Беморхонаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аст, ки бешак ҷиҳати болобурди сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва бароҳатии маризон мусоидат хоҳад кард.
Тавре шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни муборакбодии табибон сипосгузорона изҳор дошт, ин амали некро бародарон — соҳибкорони муваффақ аз деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Сурх Ҷалолов Баҳромҷон ва Бурҳонидинов Исомиддин бо дарназардошти ҳолати ногувори шӯъбаи бачагонаи беморхона, бо амри дили хеш анҷом дода, дар баробари корҳои таъмиру азнавсозӣ утоқҳои табобатии онро бо кату ҷойхобу ҷевон, ва толори онро бо қолину телевизор ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз кардаанд..
Беморхонаи мазкур дорои 50 кати табобатӣ буда, ба сокинони эҳтиёҷманди ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх хизмати тиббӣ мерасонад.
Муждаи дигари хуш дар раванди тантана расид ва он ҳам аз ҷониби яке ин бародарони баландҳиммат Ҷалолов Баҳромҷон, ки айни замон маносики Ҳаҷро ба ҷо меоранд ва ин ҷавонмарди асил бо ирсоли паёмаке нияту тасмими худро чунин баён доштаанд, ки баъд аз анҷом додани фаризаи ҳаҷ ва бозгашт ба зодгоҳ ҳамчунон бинои таваллудхона ва “Ёрии таъҷилӣ”-и беморхонаро низ аз ҳисоби пасандозҳои хеш таъмиру азнавсозӣ хоҳанд кард.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар вазъи ботантана гуруҳи калони кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳр, собиқадорони соҳа ва дар ин радиф соҳибкорони хайрандеш ва нафаре чанд аз сохтмончиёну ободкоронро бо Сипоснома ва маблағҳои пудливу туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуд.
Тазаккур бояд дод, ки табибони Исфара соли гузашта иншоотҳои тайи даҳсолаҳо рӯйи таъмирро надидаи Қисми госпиталии Шӯробро бо саъю эҳтимоми сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Муҳаммедов Таибиддин таъмиру обод карда, тантанаи идонаи худро дар ин шаҳраки кӯҳканон таҷлил намуда буданд.