ИСФАРА. БУНЁД ВА ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ 62 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ТО ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, бо истифода аз маблағҳои ҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустӣ ва саҳмгузории соҳибкорону саховатпешагон сохтмон, таъмир ва азнавсозии 62 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давра 20 иншооти соҳа таъмиру азнавсозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аз 6 иншооти нави соҳаи тандурустӣ айни замон сохтмони 3 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ, Навгилем ва Сурх аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дар Маркази саломатии шаҳр сохтмони маркази ташхисию табобатӣ бо арзиши лоиҳавии 1 млн 715 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Тавре раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Исфара зимни суханронии хеш дар раванди таҷлили рӯзи мавлуди Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино ва ҳам Рӯзи кормандони тандурустӣ изҳор дошт, соли равон, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истифода аз 200 ҳазор сомонӣ аз буҷети давлатӣ таъмири кулли шӯъбаи осебшиносии беморхонаи марказӣ анҷом ёфта, ба шуъбаи тозабунёди ҷарроҳии беморхонаи ҷамоати деҳоти наздисарҳадии Ворух бо 4 намуд дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ бо арзиши умумии 81 ҳазору 838 сомонӣ таъмин гардидааст.

Бо саъю кӯшиш ва тадбирҷӯиҳои сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Таибиддин Муҳамедов давоми як соли охир, бо истифода аз ҳисоби махсуси беморхона ва саҳмгузории соҳибкорони саховатманди диёр ба маблағи умумии 2 миллиону 245 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободониии иншоотҳои соҳавӣ анҷом дода, ҳамзамон ба маблағи 131 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ карда шудааст.
Аз ҷумла,бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳи беморхонаи марказии шаҳр бо сарфи 50 ҳазор сомонӣ пурра азнавсозӣ гардида, бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша бинои Беморхонаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ куллан таъмир ва бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуд, ки дар Рӯзи кормандони тандурустӣ расман онро ба истифода дода шуд.
Соли равон аз ҷониби хадамоти Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи 1 миллиону 103 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру ободонӣ анҷом дода шуданд.

Хадамоти матбуоти раиси шаҳр