БОЗДЕҲИ ЯК МУЛОҚОТИ ОЗОДУ САМИМОНАИ ШАҲРДОРИ ИСФАРА БО СОҲИБКОРОНИ ВОРУХӢ:

Бунёди иншоотҳои таълимии 2 мактаби нав, 1 маҷмааи истироҳатию фароғатӣ – меҳмонхона бо инфрасохторҳои истироҳатию фароғатӣ барои сайёҳон, 2 нуқтаи нави таъминоти сӯзишворӣ ва таъмири 3 километр роҳи маҳаллаи Тоҷикон.

Аввалин меҳмонхонаи замонавиро бо инфрасохторҳои муосир дар маркази деҳа соҳибкорони бурунмарзии зодаи Ворух бародарон Сомон ва Сорбон Савриддиновҳо бунёд хоҳанд кард, ки барои меҳмонону сайёҳони ин диёри зебоманзар, ки минтақаи зебоманзари сайёҳист, бунё два дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд дод.

Бино бар иттилои раиси ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова ҷавобан ғамхориҳои арзишманди роҳбарияти давлату ҳукумат, ки ҷиҳати таъмиру азнавсозии 5 иншооти муҳими иҷтимоӣ дар деҳоти Ворух аз буҷети давлатӣ беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо намудааст, дар радифи дигар амалҳои созандаю ободкоронаи тарҳрезикардаи хеш баъда аз мулоқот бо раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, ки рӯзи 5 июли соли равон баргузор гардид, тасмим гирифтанд, ки 2 мактаб, як маҷмааи истироҳатию фароғатӣ – меҳмонхона бо инфрасохторҳои истироҳатию фароғатӣ барои сайёҳон, 2 нуқтаи нави таъминоти сӯзишворӣ бунёд ва бо саҳмгузории умум 3 километр роҳи маҳаллаи Тоҷиконро мумфарш намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни мулоқоти хеш омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу иқдомоти соҳибкорон дар самти бунёди иншоотҳои истеҳсолӣ, мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ ва иншоотҳои хизматрасонии сайёҳӣ баён дошт ва соҳибкоронро ба ҳамкории судманд баҳри ободонии Ворухи зебоманзар даъват намуд.

Хадамоти матбуотии раиси шаҳр

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *